Ҷоми КФО: «Истиқлол» «Олой»-ро ҳарифи пурқувват меҳисобад
ДУШАНБЕ, 17.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Олой»-и Қирғизистон, ки дар доираи даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» 18 апрел дар Варзишгоҳии марказии шаҳри Душанбе бо ҳам қувва месанҷанд, ҷараён гирифт.
Сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев новобаста аз он ки дастаи «Олой» дар зинаи охири ҷадвали гурӯҳ қарор дошта, то ҳол имтиёзе ба даст наовардааст, нисбат ба он эҳтиром дорад ва онро баробари дастаҳои дигари гурӯҳ мешуморад.
«Олой» дастаи хеле хуб ва ҷиддӣ аст, умуман дар гурӯҳи мо ҳама дастаҳо баробаранд. Моро бозии пумасъулияту тезутунд дар пеш аст. Аз сабаби он ки «Олой» ду бозиро бохтааст, танҳо барои имтиёз гирифтан ба майдон мебарояд, онҳо чизеро бой намедиҳанд. Мо ҳам омодаем, ки бозии хуб нишон диҳем. Рӯҳияи бозингарон болида аст, чун дар бораи Фарҳод Восиев пурсидед, ӯ оҳиста-оҳиста саломатиашро барқарор карда, барои ба майдон омадан тайёр мешавад ва дар бозиҳои оянда ӯ ба даста кумак хоҳад расонд. Мутаассифона, Ромиш Ҷалилов дар бозии гузашта хатои дағал кард, бо корти дуюми зард аз майдон ронда шуд ва дар бозӣ бо «Олой» иштирок намекунад. Дақиқаҳои охир буд ва Ромиш бояд тартиботро риоя мекард. Умед дорем, ки дар рӯзи бозӣ варзишгоҳ пур аз мухлисон мешавад ва мо бо кумаки онҳо ба ғалаба комёб мегардем»,-гуфт дар нишаст Мӯҳсин Муҳаммадиев.
Сармураббии дастаи «Олой» Немат Кошоков дар бораи дастаи «Истиқлол» маълумоти зиёд дорад. «Ҳамаи бозингарони «Истиқлол» узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошанд, аз ин рӯ моро муборизаи пуршиддат дар пеш аст. То ҳол мо имконияти ба даври минбаъда баромаданро аз даст надодаем ва умед дорем, ки моро ғалабаҳо интизоранд. Дар вохӯрӣ бо дастаи «Дордой» дар дақиқаи 17-ум аз майдон ронда шудани бозингари мо Ахмедов ва майдони номувофиқ ба бозӣ сабаби бохти мо гардид. Мо дар вохӯриҳои боқимонда худро бояд нишон диҳем»,- изҳор дошт Немат Кошоков.
Дар ҳайати дастаи «Олой» ду бозингари ба мухлисони Тоҷикистон ошно-Алиа Силлаи ганагӣ, ки соли 2013-2014 дар ҳайати дастаҳои «Барқчӣ» ва КМВА «Помир», инчунин Владимир Верёвкин, ки дар ҳайати «Хайр» (Ҷоми КФО) ҳунарнамоӣ кардаанд, бозӣ мекунанд. Владимир Верёвкин дар нишасти хабарӣ ширкат карда, иброз дошт, ки новобаста ба пурқувват будани дастаи «Истиқлол», «Олой» бо мақсади ғалаба ба майдон меояд, вале хати ҳимоя аз Манучеҳр Ҷалилов хавотир аст. «Чемпионати Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳам наздик ҳастанд, дараҷаи бозии дастаҳо ҳам. Аз ин рӯ кӯшиш мекунем, ки ба «Истиқлол» рақобати арзанда нишон диҳем», -гуфт дар анҷом Владимир Верёвкин.
Ёдрас мекунем, ки бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Олой» 18 апрел соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






