Селфуроӣ роҳи мошингарди Хоруғ -Душанберо баст, боришоти барф боиси муваққатан қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Хоруғ- Кулма гардид

Апрель 14, 2017 16:29

ХОРУҒ, 14.04.2017. /АМИТ«Ховар»/. Боришоти шадиди барфу борон дар як шабонарӯзи охир маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон- шаҳри Хоруғро боз дар муҳосира қарор дод. Ба гуфтаи навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят Гулмаст Некқадамов, ба сабаби ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Хехики ноҳияи Ванҷ, деҳаи Деҳи ноҳияи Рӯшон ва деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз  ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе аз субҳи рӯзи панҷшанбе, 13 апрел қатъ гардид. Ҳоло як гурӯҳи корӣ таҳти раҳбарии раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар маҳали ҳодиса мебошанд ва бо мақсади  ҳарчӣ зудтар боз кардани роҳ барои роҳсозон шароити мусоид фароҳам меоранд.

Ба гуфтаи навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, шоми дирӯз дар ағбаи Кӯҳтезак тундбоди шадид вазида, барфи зиёдро дар  сари роҳ ҷамъ карда, ҳаракати нақлиётро ба самти ноҳияи Мурғоб қатъ намудааст. Ҳамчунин як мошини боркаши КАМАЗ низ ба иллати тундбод дар ин ағба чаппа шудааст.

Ҳанӯз  ҳам дар ҳамвориҳо борон ва дар кӯҳдоманҳо барф меборад. Оилаҳое, ки дар кӯҳдоманҳо зиндагӣ мекунанд, боз маҷбур шуданд хонаҳояшонро тарк кунанд. Барои ин оилаҳо дар толорҳои  варзишии муассисаҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд, аммо аксарияти ин хонаводаҳо ба хонаи хешу табор кӯч бастанд.

Ситоди ҳолатҳои фавқулода аз ронандагони мошинҳои мусофирбар, ки ба самти  Хоруғ-Душанбе ва бараъкс ҳаракат мекунанд, хоҳиш намудааст, ки то муътадил шудани ҳаво дар ягон мавзеи бехавф таваққуф намоянд.

Апрель 14, 2017 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст