Шамсиддин Орумбекзода: «Дари Тоҷикистон барои муносибатҳои фарҳангӣ бо дигар кишварҳо ҳамеша боз аст»

Апрель 14, 2017 11:50

ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/.  13 апрели соли  равон  Бернар Тано-Бучуе, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар бо Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни соҳаи фарҳанг суҳбат карда, иброз дошт, ки  Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар омода аст бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарҳанги бою қадимӣ дорад, муносибатҳои фарҳангиро ба роҳ монад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар афзуд, ки баъди  ба имзо расидани созишномаи ҳамкории дуҷониба санъаткорони Тоҷикистон ва Кот д’ Ивуар метавонанд ба кишварҳои якдигар сафари ҳунарӣ намуда, бо фарҳанг ва санъати ҳамдигар аз наздик  шинос шаванд.

Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки дари Тоҷикистон барои муносибатҳои фарҳангӣ бо дигар кишварҳо ҳамеша боз аст.

Апрель 14, 2017 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд