Сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони дуздии маблағ ва ҷавоҳироти тиллоӣ дастир шуданд
ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҷинояти дуздӣ дар ҳаҷми калон, ки дар он сокинони шаҳри Ваҳдат даст доранд, хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ба мақомоти милитсия зани 43-солаи сокини шаҳри Ваҳдат оид ба ҳодисаи дуздӣ муроҷиат намудааст, ки 3 апрели соли 2017 шахси номаълум пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 58 ҳазор рубли русӣ, 1 ҳазору 800-сомонӣ, ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи 34 ҳазору 900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба ҷинояти дуздии моликияти шахсӣ муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ду нафар ҷавони 23 ва 24-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат содир намудаанд. «Гумонбаршудагон аз ҷониби ed-treatment-info.com милитсия дастгир гардида, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Тафтишот дар ин самт идома дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






