Вазири тандурустӣ бо вазъи муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.
Мутахассисони соҳа зимни сафар, ки аз 10 то 12 апрел баргузор гардид, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вохӯриҳо доир намуда, аз муассисаҳои ташхисию табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дидан намуданд. Онҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва роҳбарону масъулони муассисаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воҳидов дидан намуд. Дар вохӯрӣ Насим Олимзода гуфт, ки «Гарчанде дар давоми солҳои охир нишондиҳандаҳои солимии аҳолии вилоят беҳтар шуда бошанд ҳам, дар муқоиса бо баъзе ноҳияҳо дар сатҳи паст қарор доранд. Масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии вилоят нишондиҳандаҳои солимии модарону кӯдакон, вазъи хизматрасонии беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, алалхусус сил, сироятёбӣ бо Вируси норасоии масунияти одамро дарбар мегиранд. Яке аз масъалаҳои ташвишовар ин дар сатҳи баланд қарор доштани нашъамандӣ мебошад».
Пӯшида нест, ки яке аз омилҳои асосии барои хизматрасонии самаранок мусоидаткунанда ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва шароиту муҳити ташхису табобат мебошад.
«Дар айни замон аз ҷониби роҳбарияти вилоят, мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо сохторҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ корҳои таъмирию барқарорсозии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои ноҳиявӣ, марказҳои будубоши рӯзона, хонаҳои маъюбону пиронсолон гузаронида шуда истодаанд»,- иброз дошт Насим Олимзода.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






