5 май- Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маюбон: дар Тоҷикистон маъюбон узви комилҳуқуқи ҷомеа буда, аз имтиёзҳо бархӯрдоранд

Май 5, 2017 11:26

ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маюбон таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Бино ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард одамон ягон навъи маъюбиро дороянд, ки ин шумора 15 фоизи аҳолии курраи заминро ташкил медиҳад. Беш аз 100 миллион нафар маъюбон кӯдакон мебошанд. Ҳамасола бо сабабҳои гуногун беш аз 700 ҳазор нафар маъюб мегарданд. Бештари шахсони имконияташон маҳдуд ба нигоҳубини доимӣ ва доруҳои гароннарх ниёз доранд.
Тавре Муҳаммад Салоҳиддинов, сармутахассиси шуъбаи иттилооти дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, дар Тоҷикистон барои ҳамаи шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд. «Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад. Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таъмин мешаванд. Инчунин дар муассисаҳои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таҳсилоти умумӣ фаро гирифта мешаванд»,-зикр намуд Муҳаммад Салоҳиддинов.

мехтанМуҳаммад Салоҳиддинов афзуд, ки ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, инчунин ба падар ё модари танҳои маъюб, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии иловагии иҷтимоӣ расонида мешавад. Маъюбон ҳуқуқ доранд аз нақлиёти ҷамъиятӣ ба тариқи ройгон истифода баранд. Ҳамчунин маъюбон ҳуқуқи истифодаи имтиёзноки нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоиро низ доранд.
Саидалӣ Бобохонов, муовини сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои иқтисодӣ- иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон илова намуд, ки маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳуқуқи пардохти имтиёзноки ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ, гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахсӣ харидани хонаи давлатии истиқоматиашонро дар ҳаҷми 50 фоиз ва ҳуқуқи бе навбат ва ройгон ба хонаҳояшон гузаронидани хатти телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд. «Маъюбон дар асоси хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курортӣ, бе навбат гирифтани роҳхат ва рафтуомади ройгон ба маҳалли табобат бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд»,-гуфт Саидалӣ Бобохонов.
Бояд зикр кард, ки имрӯз тамоми биноҳои муосир, роҳравҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои шахсони маъюб мутобиқ гардонда шуда истодаанд.
«Маъюбон бояд ҳангоми истифодаи биноҳо ва инфрасохторҳо ба ягон мушкилӣ дучор нагарданд. Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санҷиши дастрасиро дар биноҳои сохти кӯҳна гузаронд. Тавре маълум гашт, дастрасии маъюбон дар чунин биноҳо ба инобат гирифта нашудааст. Дар асоси тавсияҳои мақомоти ваколатдор шахсони масъул барои бартараф намудани ин камбудиҳо шурӯъ намуданд. Яъне имрӯз дар даромадгоҳи ҳамаи биноҳои сохти кӯҳна пандус ва дастқапакҳо сохта мешаванд. Аз ҷумла, лифтҳои дарҳояшон хурд ба калон иваз мегарданд»,- илова намуд С.Бобохонов.
Тибқи иттилои Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 150 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора қариб 25 ҳазор нафарашонро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд.

Май 5, 2017 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд