8 май-Рӯзи ҷаҳонии Ҳилоли Аҳмар: дар Тоҷикистон Ҳилоли Аҳмар ҳамчун ҷамъияти мустақилу ягонаи башардӯст шинохта мешавад

Май 8, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 08.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамасола 8 май дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ки узви Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошанд, аз соли 1948 инҷониб ҷашн гирифта мешавад.

Вазифаи ҳаракат кумак расонидан ба ҷароҳатбардоштагон, беморон асирони ҳарбӣ дар давраҳои ҷанг ва қурбониёни офатҳои табиӣ арзёбӣ мегардад. Омодагию эътино ба ҳолатҳои фавқулода, кумаки тиббию иҷтимоӣ ва арзишҳои башардӯстӣ  принсипҳои бунёдии ҳаракат мебошанд.

Аз соли 1992  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  ҳамчун Ҷамъияти мустақилу ягонаи башардӯст шинохта шудааст.

Расми Хилоли АхмарТавре котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт. Маҳз дар ҳамин давра Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 1997 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳамчун ҷузъи ҳаракати байналмилалӣ эътироф шуда, аз 20 ноябри соли 1997 бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқ ба Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар шомил гардид».

«Фаъолияти асосии ҶҲАТ ва ҷузъҳои он ба пешгирӣ ва сабук намудани дарду азоби одамон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, таъмини эҳтиром ба шахсияти инсон, махсусан ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ, машғул шудан ба фаъолияти марбут ба пешгирии бемориҳо, иштирок дар таъмини ҳифзи саломатӣ ва солимии ҷомеа, таъминоти иҷтимоӣ, ҳавасманд гардонидани кори ихтиёрӣ ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба шахсони ниёзманд равона гардидааст»,-мегӯяд  Баҳодур Қурбониён.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, ҳамасола мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» дар миқёси кишвар моҳи май давраи таҷлили моҳвораи Ҳилоли Аҳмар эълон гардидааст. Ба ин муносибат барномаҳои гуногуни хайриявию башардўстӣ, озмуну маҳфилҳо байни ташкилоту муассисаҳо  ва консертҳои хайриявӣ роҳандозӣ мешаванд.

 

 

Май 8, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд