Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар масъулияти бузургро ба дӯш доранд
ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе дар Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар масъулияти бузургро ба дӯш доранд» ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш аҳли маориф ва илм, устодон ва хонандагон иштирок карданд.
Ҷамшед Олимов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи боварӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ин қишри ҷомеа аст.
Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки барои татбиқи он тамоми сохторҳои ҳукумативу ҷамъиятӣ бояд фаъолияти муштарак ба роҳ монанд. Бо истифода аз неруи созандаи наслҳои имрӯзу фардо ба манфиати давлату ҷомеа тарбия кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мост, то ки ҷавонону наврасон аз даст задан ба ҳар гуна аъмолу омилҳои зишт, аз қабили пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундраву ифротгаро худдорӣ кунанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, парчамбардорони миллат, эҷодкорони тақдири имрӯзу оянда, таҳкимбахшандагони ваҳдати миллӣ, муҳофизони боэътимоди истиқлолияти Ватан, бунёдгузорони давлати мутамаддини дунявӣ ва демократӣ эътироф гардида, дар ободонии Ватан масъулияти калоне бар дӯш доранд.









Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






