Ба директору мудирони муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани «Занги камолот», «Иди Алифбо» ва «Хайр, боғча!» муҷозоти меҳнатӣ пешбинӣ мегардад

Май 4, 2017 15:49

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарор «Занги камолот», «Иди Алифбо» ва «Хайр, боғча!»-ро дар муассисаҳои таълимӣ манъ намуд. Қарори мазкур ба татбиқи амалии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нигаронида шудааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, дар сурати риоя нашудани қарори мазкур аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ (новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон) ё омўзгорону мураббияҳо тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо муҷозоти меҳнатӣ пешбинӣ мегардад.
Сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шуданд, ки иҷрои қарори мазкурро таъмин ва риояи онро зери назорати ҷиддӣ гиранд.

Май 4, 2017 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст