Ба сокинони ноҳияи Нуробод танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаҳмонида шуд
НУРОБОД, 04.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки мутахассиси пешбари Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Муслиҳиддин Хоҷамиров ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Абдуллозода ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, вакилони ноҳия, фаъолону ҷавонон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва имомхатибон мулоқоти судманд доир гардид. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ ба сокинони ноҳия фаҳмондани муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Зикр гардид, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, барои таъмини зиндагии осудаи мардум равона гардидааст.