Баргузории ҷаласаи VI Комиссияи муштараки ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон

Май 30, 2017 08:40

ДУШАНБЕ, 30.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 25 ва 26 майи соли 2017 дар шаҳри Кобул ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласа бо суханронии ҳамраисони комиссия — Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода ва Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдусаттор Мурод оғоз гардид. Зимни баррасии иҷрои тавофуқот ва бандҳои Протоколи V ва арзёбии ҳамкории ду кишвар тайи 3 соли охир таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар дар ҳама арсаҳо рушди чашмгир доштанд.

Ҳамкории ду кишвар густариши ҷиддӣ ёфт- тайи 4 моҳи аввали соли 2017 мубодилаи мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 қариб 2 баробар афзуд.

Муҳимтар аз он, ду кишвари дӯст ба татбиқи барномаҳои бузург ва таърихӣ, аз ҷумла хатти бузурги интиқоли барқи КАСА-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон (ТАТ) оғоз намуданд, ки ба рушди ҳарду кишвар (бахусус Афғонистон) мусоидат намуда, нақши транзитии ду кишварро ҷиддан боло хоҳад бурд.

Баъдан ҳайатҳои ду кишвар дар таркиби гурӯҳҳои техникӣ ва маслакӣ самтҳо, нукот ва иқдомоти мушаххаси ҳамкориро мавриди арзёбии мушаххас, муфассал ва дақиқ қарор доданд ва Протоколи VI Комиссияро чун санади фарогир ва муҳим таҳия намуданд. Дар ин санад ба самтҳои авлавиятнок ва стратегии ҳамкорӣ — энергетика, роҳи оҳан, транзит, равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои татбиқию амалии барномаҳо ва иқдомоти ҳамкорӣ таваҷҷуҳи хос сурат гирифтааст.

Протоколи Комиссия аз ҷониби ҳамраисон дар маросими хос ва ботантана имзо шуд.

Дар ҷараёни баргузории Комиссия ҳайати Тоҷикистон силсилаи мулоқотҳои муфид ва созандаи корӣ анҷом дод.

Май 30, 2017 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад