Баррасии дурнамои рушди бозори байнибонкӣ дар Тоҷикистон

Май 1, 2017 17:33

ДУШАНБЕ, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ширкатҳои «Thomson Reuters company» ва Биржаи Москва дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи низоми бонкии кишвар масъалаҳои марбут ба низоми музоядаҳо, таҳлили фишангҳои бозорӣ, банақшагирӣ ва идоракунии мавқеи асъорӣ дар бозори асъор ва имкониятҳои нави платформаи «Thomson Reuters» — ро баррасӣ намуданд.
Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар маркази таълимии бонки мазкур дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Бозори байнибонкии асъор ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони ширкати бонуфузи «Thomson Reuters company», Биржаи Москва ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ конфронс баргузор гардид.
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳои «Асосҳои идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳои бонкҳои тиҷоратӣ», «Зарурати батанзимдарории муносибатҳои асъорӣ», «Таҳлили техникӣ, фундаменталӣ ва қурби асъор», «Фишангҳои қарзӣ ва бартарияти онҳо барои ташкилотҳои қарзӣ», «Самаранокии сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон» сухан гуфтанд.
Намояндагони «Thomson Reuters company» ва Биржаи Москва фаъолияти бонкҳои Тоҷикистонро дар бозори байнибонкии асъорӣ хуб арзёбӣ карданд.
Инчунин намояндагони ширкати «Thomson Reuters company» Бонки миллии Тоҷикистонро барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди технологияҳои иттилоотӣ дар бозори молиявӣ қадрдонӣ намуданд.

Май 1, 2017 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад