«Бо қуллаҳо ҳамдӯш» — шарҳи матбуот

Май 12, 2017 09:50

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (08.05.2017, №93)  дар шумораи навбатӣ оид ба суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ хабари муфассал нашр кардааст. Тавре дар хабар омадааст: «Ҷонибҳо атрофи вазъи ноороми Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимоли он мубодилаи афкор анҷом доданд». Иттилоъ дода шудааст, ки дар мавзӯи ҳамкории амниятӣ ва низомию техникӣ дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадот ибрози назари роҳбарони ду кишвар сурат гирифтааст. Зимнан бояд зикр намуд, ки вазъи орому босуботи Афғонистон омили муҳими амнияти кишварҳои тамоми минтақа мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати хориҷии худ барои расидан ба истиқрори сулҳу субот дар кишвари Афғонистони ҳамсоя ҳамеша таваҷҷуҳи хосса дошта, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мушкилот чандин маротиба аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҷалб намудааст. Ҳамин аст, ки зимни ин суҳбати телефонӣ Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар «омодагии Тоҷикистонро ба расонидани кумаку мусоидат ба давлату мардуми бародари Афғонистон ҷиҳати расидан ба ормонҳои сулҳу субот бо роҳи решакан кардани терроризму ифротгароӣ ва таъмини ваҳдату оштии миллӣ» таъкид карданд.

Нашрия дар саҳифаҳои дуюм ва сеюм бахшида ба солгарди навбатии ғалаба аз болои фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва саҳми шоистаи ҷанговарони тоҷик дар ғалабаи тамоми халқҳо маводи зерин: «Ҷанги бузурги ватанӣ – Тоҷикон ва гуфтаниҳои ногуфта», «Балҷувон–зодгоҳи се қаҳрамон» (оид ба сарнавишти се қаҳрамони Иттиҳоди шӯравӣ Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев ва Исмат Шарифов), «Ҳар чорумин сокини Тоҷикистон дар ҷанг иштирок дошт», «Модарро бо номаҳои фарзандаш гӯронданд», «Дар  ҳасрати бародари гумшуда», «Варзишгарон – қаҳрамонҳои Ҷанги бузурги ватанӣ» пешкаши хонандагон намудааст.

Дар шумораи нашршудаи «Ҷумҳурият» аз санаи 10.05.2017, №94 оид ба сафари кории Сарвари давлат ба Неругоҳи барқи обии Роғун гузориш нашр шудааст. Шиносоии Сарвари давлат аз ҳолати имрӯзаи мавзеи бандубасти маҷрои дарё ва ҷараёни бунёди пешдарғоти болоӣ оғоз гардида, сипас дар қисматҳои алоҳидаи пешдарғоти НБО Роғун ва дидани рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-22 идома дода шудааст. Пешвои миллат ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиён дастур доданд, ки қабл аз ҳама, ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият зоҳир намоянд, зеро ин кохи нур ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Нашрия навиштааст: «Сатҳу сифат ва суръати корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун мувофиқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дорад ва рағбату дилгармии диловарони Роғунро, ки теъдодашон имрӯз қариб ба 14 ҳазор нафар мерасад, таваҷҷуҳи доимӣ ва сафарҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиш додааст». 

Нашрия ҳамчунин матни Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакатро оид ба тағйироти кадрӣ нашр карда, бахшида ба 80-солагии ҳунарманди соҳибсалиқа Ҳошим Гадоев мақолаи М.Табариро бо сарлавҳаи «Бо қуллаҳо ҳамдӯш» пешкаши хонандагон намудааст. Мақола аз давраҳои нахустини фаъолияти актёрии Ҳ.Гадоев дар саҳнаи театр то ба зинаи камолоту шуҳрат расидани ҳунармандро инъикос карда, инчунин аз фаъолияти режиссураи Ҳ.Гадоев дар давраҳои гуногун нақл мекунад. «Сарнавишти Мастураи ҷасур», «Сайёҳӣ, чанд паҳлӯи як проблема», «Таърихи нуҳуфта» ва хабарҳои варзишӣ маводе ҳастанд, ки дар саҳифаҳои нашрия чоп шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (09.05.2017,№50) бо сарлавҳаи «Соли 2016 ба Маҷлиси намояндагон зиёда аз 700 муроҷиати хаттӣ ворид гардид» хабар нашр кардааст. Дар хабар оид ба тартиби муроҷиати хаттӣ, муроҷиат тавассути алоқаи телефонӣ, муроҷиати дастаҷамъона ва муроҷиати электронӣ, инчунин масъулияти мансабдорон дар самти муроҷиати шаҳрвандон, манъ будани таъқиби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар муроҷиати онҳо ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдор маълумот оварда шуда, зикр карда шудааст, ки дар давоми соли гузашта 3691 шаҳрванди ҷумҳурӣ аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо муроҷиатҳояшон қабул карда шудаанд. Нашрия аз баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонун дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ» ва дгар лоиҳаҳои қонунҳо бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ба кумитаҳои дахлдор ва шуъбаи ҳуқуқ супорида шуданд.

Нашрияи «Омӯзор» (11.05.2017,№19) дар шумораи навбатӣ навиштаҳои зерини муаллимони макотиби кишварро нашр кардааст: «Аёният ва моҳияти он», «Омили пешравии сифати таълиму тарбия», «Фаъолиятҳои шавқовар дар дарси забони модарӣ», «Таҳрикбахши зеҳни хонанда». Муаллифон ин мақолаҳо бо нишон додани мисолҳо аз фаъолияти омӯзгори хеш оид ба услуб, тарз ва тартиби беҳтар намудани сифати таълим, кор бо талабагон, ороиши синфхонаҳо ва расидан ба натиҷаҳои баланд дар бахши таълиму тарбияи насли наврас фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод кардаанд.

«Минбари халқ»-нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо сарлавҳаи «Пешгирии падидаҳои номатлуб» мақолаи муовини сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон С.Акбаровро чоп кардааст. Муаллиф оид ба хатарҳои замони муосир- терроризм, экстремизм, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён карда навиштааст: «мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар қишри ҷомеа, ҳар як роҳбари шаҳру деҳа, ҳар оила ва ҳар ҷавонмарди Ватан мебошад. Ин мубориза бояд ба як муборизаи умумимилӣ табдил ёбад ва тамоми аҳли ҷомеа ва ҷавононро муттаҳид намояд».

 

 

 

 

Май 12, 2017 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд