Бузургдошти Мирзо Турсунзода дар Эрон
ДУШАНБЕ, 23.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ- ЭКО) ба ифтихори бузургдошти маъруфтарин шоири сулҳпарвар, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш нависандагон, олимон, сафирон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон ва шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок ва маърӯза намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода доир ба ҷойгоҳи устод Мирзо Турсунзода дар таърихи миллату кишвар ва паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти шоир таъкид кард, ки ӯ ҳамчун фарди фарҳангии фаъол ва муборизи матини роҳи озодӣ, тараннумгари ғояҳои сулҳу дӯстӣ ва шоири тавоно дар ташаккули ғояи миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги тоҷикон нақши муаассир дорад.
Дар ҳамоиш порае аз филми мустанади «Фарзанди азизи Тоҷикистон» бахшида ба зиндагӣ ва фаъолияти Мирзо Турсунзода намоиш дода шуд. Инчунин барои шиносии бештар бо ҳаёт ва фаъолияти шоири номдори тоҷик Мирзо Турсунзода китобҳо бо забонҳои форсӣ ва англисӣ ба иштирокдорони ҳамоиш тақдим гаридиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






