«Чеҳраҳои мондагори таърихӣ аз дидгоҳи Пешвои миллат» — шарҳи матбуот

Май 4, 2017 16:28

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» (01.05.2017,№88) мақолаи Х.Қурбонзода ва М.Ғиёсиро бо сарлавҳаи «Чеҳраҳои мондагори таърихӣ аз дидгоҳи Пешвои миллат» чоп кардааст, ки муаллифон онро дар ҳошияи китоби Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» (Душанбе, нашриёти «Эр-Граф», соли 2016) навиштаанд. Китоби пурмуҳтавои Пешвои миллат бо номи «Чеҳраҳои мондагор» аз сарнавишт, зиндагинома ва фаъолияти таърихии «25 тан арбоби давлатӣ, пешвоёни сиёсӣ, муборизони ҷодаи озодӣ, намояндагони дину мазҳаби тоисломӣ ва баъдиисломӣ, олимону шоирону нависандагони классики форсу тоҷик ва муосир, ки кору пайкор ва осори пурғановаташон воқеан ҳам тамаддунофару миллатсоз маҳсуб меёбанд» нақл мекунад. Мақолаи аввали китоби «Чеҳраҳои мондагор» дар бораи шоҳи хирадманду дурандеш Куруши Кабир, мақолаи дигар дар бораи қаҳрамонию шуҷоат ва родмардию диловариҳои фарзанди сарсупурдаи тоҷик Спитамен, мақолаи навбатӣ оид ба шахсият ва таълимоти фалсафии Зардушт эҷод шудаанд. Ҳамин тавр, муаллифи китоб – Пешвои миллат дар бораи Монӣ ва ақидаҳои ӯ, Маздак ва таълимоти давлатдорӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва мазҳаби таҳаммулгаро, Исмоили Сомонӣ ва давлатдории тоҷикон, ҳазрати Муҳаммад (с) – «Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ» бо таҳлилҳои дақиқу илман асоснокшуда ва рақамҳои таърихӣ сатрҳои гӯё ва равон навиштаанд.  Дар ин хусус муаллифони мақола чунин навиштаанд: «Муаллиф ба ҳайси як муаррихи донишварз ва донандаи ҳамаҷониба зиндагинома ва фаъолияти пур аз ҷӯшу хурӯши намояндагони афкори барозандаи мазҳабӣ, ки бо аносири ахлоқию тарбиявӣ пайванди ногусастанӣ доранд, падидор мегардад». Зимнан, китоби Пешвои миллат «Чеҳраҳои мондагор» дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсию мафкуравиии насли ояндасози ҷомеаи муосир рисолати таърихиро иҷро мекунад. Бояд зикр кард, ки китоби «Чеҳраҳои мондагор» аз беҳтарин осори нашргардидаи соли 2016 дониста шудааст, ки дар миёни олимону зиёиён, муаррихону тадқиқотгарон ва доираи васеи хонандагон маҳбубияти хос пайдо кардааст.

Дар шумораи рӯзи сешанбе нашршудаи нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» (02.05.2017, №89) мақолаҳои «Гулистон, агар оромӣ намешуд», «Мушкилро саҳл нагирем», «Оре, оби дари хона тира нест» ва бахшида ба ифтихори 20-солагии Ваҳдати миллӣ навиштаи А.Қосимов, О.Аскарзода таҳти сарлавҳаи «Бо гувоҳи таърих» пешкаши хонандагон шудааст. Ҳамчунин дар ин шумора хабарҳо оид ба мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Япония, дар Қӯрғонтеппа баргузор шудани аввалин фестивали ақаллиятҳои миллӣ ва навгониҳои муҳими сиёсӣ-иқтисодӣ-иҷтимоии кишварҳои олам нашр шудааст.

«Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем», — бо ҳамин суханони Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз» шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (03.05.2017,№90) аз чоп баромад. Дар саҳифаи нашрия мақолаи «Ришва. Нафс боз бар дуи дигар ғалаба кард» чоп шудааст, ки дар он кирдори номуносиби директори яке аз муассисаҳои давлатии таълимӣ мавриди мазаммат қарор дода шудааст. Бо истифода аз мансаби давлатӣ бо мақсади ба даст овардани даромад бо роҳи фиреб А.Сафаров бо сармуҳосиб И.Ҳасанов даст ба ҷинояти коррупсионӣ заданд, вале тавре дар урфият мегӯянд, «бори каҷ ба манзил нарасид» ва ҳар дуи онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Матлаби дигари нашрия аз қонуншиканиҳо дар бахши иқтисоди мамлакат – қочоқ (интиқоли бор) бе барасмиятдарории гумрукӣ нақл мекунад. Дар мақола аз он нақл карда мешавад, ки тоҷирони ҷинояткор бо маслиҳати пешакӣ аз Ҷумҳурии Халқии Чин 29 номгӯй молро бидуни барасмиятдарорӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид карданд. Хушбахтона, кирдори онҳо ошкор гардида, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Мақолаи П.Назаров аз таърихи пайдоиш ва фаъолияти душманонаи ҳизби иртиҷоӣ-динӣ ва экстремистӣ-террористии ҲНИТ, ки соли 1992 мамлакатро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ тела дода буд, нақл карда, аз он ҳушдор медиҳад, ки «роҳбари ин ҳизби мамнӯъ Муҳиддин Кабирӣ берун аз Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии ҳоҷагони хориҷиашон ва бо истифода аз ҳар гуна буҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ дарак медиҳад. Бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд». Муаллиф дар идомаи матлаб навиштааст: «Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк кунанд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар фоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд ва ҳаргиз ба иғвои навбатии онҳо роҳ намедиҳанд».

«Садои мардум» (02.05.2017,№47) оид ба баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳти раёсати Ш.Зуҳуров иттилои расмӣ нашр кардааст. Тавре ки аз хабар бармеояд, вакилони Маҷлиси намояндагон масъалаҳои ҷорӣ оид ба лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионӣ ва лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ додаанд. Аз ҷумла, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ дар бораи мақомоти прокуратура, дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар бораи хизмати давлатӣ, дар бораи Палатаи ҳисоб шарҳ дода шуда, бо қарорҳои алоҳида онҳо ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.

Дар шумораи имрӯз ба дасти хонандагон расидаи нашрияи парлумонии «Садои мардум» (04.05.2017, №48) мақолаи «Чаҳор мувофиқати тасодуф» (назаре ба иҷлосияи тақдирсози миллат баъди чаҳоряк аср) чоп шудааст. Муаллифи мақола М.Мақсудов мақолаҳои дар рӯзҳои баргузор шудани иҷлосияи таърихӣ дар саҳифаҳои нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» чопшударо таҳлил карда, бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо навиштааст: «Кори иҷлосияи тақдирсози миллатро сармақолаи рӯзнома таҳти унвони «Мо хоҳони сулҳем» то андозае ҷамъбаст кардааст: «Рӯзҳои бисёр душвори кори  иҷлосия, ки тантанаи қонунро бар беадолатӣ собит намуд, паси сар шуданд. Вале бехтиёр кас аз дил мегузаронад, ки кай мо самараи ба эътидол омадани ҳаётамонро мебинем».

«Муаллифи ин сатрҳо ва дар маҷмӯъ мардуми ҷумҳурӣ он шабу рӯзҳо намедонистанд, ки дар пеш боз расо панҷ соли дигар вазниниҳои сахти иқтисодиву иҷтимоӣ, гуруснагиву ҷангу ҷидол моро интизор аст», — навиштааст муаллифи мақола.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари нашри хабару гузоришҳои муфассал аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, иштироки Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳ ва оғози бунёди иншоотҳо дар пойтахти мамлакат, ҳамчунин аз ҷараёни сафари кории ҳайати ҲХДТ ба Ҷумҳурии халқии Чин мақолаи калонҳаҷм нашр кардааст. Нашрия таҳти рубрикаи «Об барои рушди устувор» мусоҳибаи хабарнигори худ Н.Худойбахшовро бо Алимурод Исломзода, директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» чоп кардааст, ки он оид ба татбиқи барномаҳои мушаххаси давлатӣ дар самти  бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани сокинон нақл мекунад. Навиштаҳои дигари нашрия бо сарлавҳаҳои «Ҷодугарӣ найранг аст», «Кӯдаконро аз бемориҳо муҳофизат бояд кард», «Теғи синоии Мунира», «Дар қаламрави пажӯҳиши адабиёти форсизабони ҳинд», «Мақсадгузорӣ низ санъат аст» аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Май 4, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард