Дӯстони вафодори чорпо-дар ҳифзи сарҳади давлатӣ. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мактаби тайёрии кинологҳо

Май 28, 2017 08:55

ДУШАНБЕ, 28.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сагҳои хизматӣ бори аввал қариб ду аср пеш дар амалиётҳои сохторҳои қудратӣ ҷалб шуда буданд. Аз ҳамон давра инҷониб дӯстони чорпо дар ошкор кардани ҷиноятҳо, дастгир кардани ҷинояткорон, дарёфти маводи тарканда ва нашъа, инчунин  ҳифзи сарҳади давлатӣ масъулона ва содиқона хизмат карда истодаанд.

Новобаста ба пайдоиши техника ва технологияҳои муосир нақши сагҳои хизматӣ дар ошкор кардани ҷинояткорӣ ҳамоно калидӣ боқӣ мемонад. Вале тарбия ва омода кардани муҳофизони чорпо заҳматҳои шабонарӯзӣ, вақт, неру ва сабри зиёдро талаб менамояд.

Дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ мактаби тайёрии кинологҳо бомуваффақият фаъолият дорад. Масъулини он ҳамчун муҳофизони корозмуда ва боэътимоди хати сарҳад кори низомии хешро дар ин самт бо ром кардан ва омӯзонидану омода намудани сагҳои хизматӣ баҳри иҷрои вазифаҳои муҳими ҳарбӣ ба роҳ мондаанд.

Дар арафаи Рӯзи сарҳадчиён хабарнигори АМИТ «Ховар» ба  мактаби тайёрии кинологҳо рафта, бо роҳбари парваришгоҳ Ҳурмуз Ҳалимов ва он нафароне, ки сагҳои хизматиро омода мекунанд, ҳамсуҳбат шуд.

Бино ба  маълумоти роҳбари парваришгоҳ, ҳамасола дар ин мактаб зиёда аз 40 сар сагҳои хизматӣ таълим дода мешаванд. Асосан дар парваришгоҳ зотҳои овчаркаи олмонӣ, белгиягӣ, шарқӣ-аврупоӣ, спанели русӣ ва англисӣ истифода бурда мешаванд. Интихоби сагҳо аз ҷониби мутахассисон сурат мегирад. Сагҳо аз синни шашмоҳагӣ дар муддатҳои аз се то шаш моҳ бо  таълим фаро гирифта мешаванд. Дар аввал сатҳи бӯйгирӣ, шуновоӣ ва биноии онҳо санҷида шуда, ба гурӯҳҳо тақсим карда мегарданд. Зотҳои овчаркаи олмонӣ, белгиягӣ ва шарқӣ-аврупоӣ, ки ҷуссаи калон доранд, асосан барои ҳифзи сарҳад, дастгир кардани ҷинояткорону сарҳадшиканон истифода шуда, спанели русӣ ва англисӣ, ки ҷуссаи хурд доранд, барои дарёфти маводи мухаддир, моддаҳои тарканда ва яроқу аслиҳа истифода бурда мешаванд. Ба гуфтаи мутахассисон, сагҳои хизматӣ бояд бозингар ва кунҷков бошанд, овардани ашё ба мисли чӯбу тӯбро дӯст доранд. Аз овози баланд натарсанд ва, аз ҳама муҳим, бадҷаҳл набошанд.

Зинаи асосии таълим ромкунӣ (дрессировка)-«нишастан» («сидеть»),  «истодан» («стоять»), «хобидан» («лежать»), «ба наздам!» («ко мне!») ва малакаи шинохтани маводи сабуки мухаддир, чун марихуан ва афюнро  дар бар мегиранд. Баъдтар сагҳоро мутахассисони варзида барои дарёфти мавводи мухаддир, моддаҳои тарканда, яроқу аслиҳа ва дастгир намудани ҷинояткорону сарҳадшиканон таълим дода, онҳо бо роҳбаладашон ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ фиристода мешаванд.

Тавре кинологҳо иброз доштанд, ба сагҳо дар як рӯз ду маротиба мувоффиқи меъёри муайяншуда аз 300 то 450 грамм хӯрок медиҳанд. Дар вақти муайяншуда саҳар ва бегоҳ онҳоро ба сайру гашт мебароранд. Дар як моҳ як маротиба аз муоинаи тиббии духтури байтор мегузаронанд.

Ҳурмуз Ҳалимов мегӯяд, ки нигоҳубини сагҳои хизматӣ дар парваришгоҳ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Бори аввал дар даврони истиқлолият миёни мақомоти қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусобиқаи кинологӣ баргузор гардид, ки дар он кинологҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷойи аввалро ишғол намуданд. Ҳамчунин дар ин давра сагҳои хизатии мо соҳиби чандин  ҷоизаву медал ва ифтихорномаҳо гардидаанд, ки он аз касбияти кинологҳои мо ва меҳру муҳаббати беандозаи онҳо нисбат ба дӯстони чорпо шаҳодат медиҳад. Ба нақли ҳамсуҳбат, ду моҳ пеш ба парваришгоҳ ду овчаркаи зоти белгиягӣ оварда шуд. Ин овчаркаҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон харидорӣ шудаанд. Фарқияти овчаркаҳои белгиягӣ аз дигар овчаркаҳо дар он аст, ки онҳо нисбатан чолоктар ва дар ҳама шароит тобоваранд. Дар айни замон ба ин овчаркаҳои 8-моҳа ромшавиро таълим дода истодаанд.

Роҳбари парваришгох баъдан маро бо Мухтори қаҳрамон, ки бо роҳбаладаш наздики 5 сол аст дар дастгир кардани ҷинояткорон, пешгирии убури сарҳади давлатӣ, муомилоти гайриқонунии маводи мухаддир, яроқу аслиҳа ва моддаҳои тарканда вазифаашро содиқона иҷро карда истодааст, шинос намуд. Бино ба нақли соҳибаш, Мухтор барои саҳм гузоштан дар ҷустуҷӯйи ашхоси сарҳадшикан, дарёфти асбобу лавозимоти шубҳаовар, муайяну пешгирӣ намудани иззи пойи одамону ҳайвонот ва посбонӣ соҳиби як ҷоиза, ду медал ва чандин грамотаҳо гардидааст.

Дар берун ҳарорат 38 дараҷа аст. Мухтори шашсола, ки аз зоти овчаркаи олмонӣ аст, ин гармиро ҳис намекунад. Бо соҳибаш дар майдони  махсус саргарми машқу тамрин аст. У на танҳо ҳаракати пой, балки нигоҳи соҳибашро мефаҳмад. Кинолог бо дасташ поён ишора кард, Мухтор дарҳол дар ҷояш нишаст, ба боло ишора кард ӯ-саг аз ҷояш хест. Соҳибаш, ки дар дурии 100 метр аз ӯ қарор дошт, бо ишора «ба наздаш» хонд. Дар ҳамин вақт гӯё Мухтор дар рӯи замин парвоз карда, бе садо дар пеши пои соҳибаш қарор гирифт. Мухтор танҳо бо супориши соҳибаш амалҳоро иҷро мекунад.

Тавре Хурмуз Халимов зикр кард, дар сарҳад сагҳои хизматиро аз рӯи вазифа ба ду гурӯҳ- ҷустуҷӯӣ ва махсус ҷудо мекунанд. Гурӯҳи ҷустуҷӯӣ ҷинояткорон ва гурӯҳи махсус бошад, маводи мухаддир, яроқу аслиҳа ва моддаҳои таркандаро ҷустуҷӯ мекунад. Мухтор дар гурӯҳи ҷустуҷӯӣ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад. Ӯро аз ноҳияи Ҳамадонӣ аз марзи Тоҷикистону Афғонистон барои иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки чанд рӯз пеш дар мактаби тайёрии кинологӣ ба ифтихори Рӯзи сарҳадчиён баргузор гардида буд, овардаанд.

Мухтор соли 2012 дар ин мактаб таълим гирифта, сипас, бо роҳбаладаш ба сарҳад фиристода шуда буд.

Соҳиби Мухтор мегӯяд, ки саг дӯсти боваринок, вафодор ва ёрдамчии сарҳадчиён аст. Сагҳои хизматӣ барои ҳифзи сарҳади давлатӣ бениҳоят нақши муҳимро мебозанд. Ба воситаи бӯйгирии онҳо муомилоти ғайриқонунии маводи  мухаддир ва яроқи оташфишон дар марзи давлатӣ пешгирӣ карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки муҳлати синни хизмати сагҳо аз 8 то 10 солро дар бар мегирад. Баъди аз хизмат рафтан ҳам бисёри онҳо барои посбонӣ дар дигар самтҳои дахлдор истифода мегарданд.

Мавҷуда АНВАРӢ

Май 28, 2017 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид
Пагоҳ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Бар асари бориши зиёд ва фурӯравии замин роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг баста шуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Дар ноҳияи Варзоб вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ вохӯрӣ доир шуд
Панҷ нафар бар асари тӯфон дар ҷануби Чин ба ҳалокат расиданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
19 кӯдак дар натиҷаи хуруҷи эҳтимолии бемории сурхакон дар шимолу шарқи Нигерия ҳалок шуданд