Дар Душанбе ҷаласаи ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда оид ба муколамаи иҷтимоӣ баргузор шуд

Май 26, 2017 10:42

ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи  ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда оид ба  муколамаи иҷтимоӣ 25 май дар пойтахти мамлакат  баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин ҷаласа   бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.  Дар кори ҷаласа  муовини якуми  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, ҳамоҳангсози доимии агентии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Шарифзода, мушовири Ташкилоти байналмилалии меҳнат Артём Сич ва масъулону мутахассисони идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Саида  Умарзода зикр намуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи давлат маҳсуб ёфта, дар мадди назари  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. «Аз ин рӯ, сол аз сол ба соҳа таваҷҷуҳ  афзун гашта, ҷиҳати рушди он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Тибқи  «Барномаи ҳамкорӣ  байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои  2015-2017»,  ки  бо   қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  28 феврали  соли  2015 тасдиқ гардидааст, аз рӯи принсипи «муколамаи иҷтимоӣ» дар Тоҷикистон пеш бурдани тавсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат бо роҳандозии чораҳои маҷмӯӣ, ки арзёбии вазъи сатҳи ҳадди ақали ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таъмин менамоянд,  амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо, пешбинӣ гардидааст»,-илова намуд муовини вазир.

Бояд гуфт, ки  вазифа ва ҳадафҳои Кумитаи роҳбарикунанда аз баррасии натиҷаҳои тадқиқоту омӯзишҳо, мувофиқа ва қабули иқдомоти минбаъда, ки ба рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидаанд,  иборат мебошад.  Ҳамоҳангсози фаъолияти кумита Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, ташкили кор ва пешбурди ҳуҷҷатгузориҳои алоқаманд ба фаъолияти кумитаро таъмин менамояд.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки   яке аз мақсадҳои гурӯҳҳои таъсисдодашуда- ин аз рӯи ҳар як кафолати тавсияшуда бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додани  барномаҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  мебошад.

Май 26, 2017 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст