Дар Душанбе омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 оғоз гардид

Май 8, 2017 10:42

ДУШАНБЕ, 08.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 5 майи соли равон «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид, ки он бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» нигаронида шудааст.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, масъулини дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаю муассисаҳои пойтахт, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият вазифадор гардиданд, ки дар ин маврид нақшаи чорабиниҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд.
Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе чорабиниҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъйиноти гуногун (манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корхонаю ташкилот)-ро дар муҳлатҳои муайянгардида бо пешниҳоди шиносномаҳои тайёрӣ ба анҷом расонида, ҳамчунин мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда бо истеъмолкунандагони энергияи гармӣ шартномаҳои дахлдори хизматрасониро ба имзо расонад.
Раиси шаҳр бо ин қарор Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо дар якҷоягӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳибмулкони манзили биноҳои бисёрхонагӣ вазифадор намудааст, ки баҳри омода намудани низоми гармитаъминкунӣ дар дохили биноҳои истифодаи умум тадбирҳои мушаххас андешанд.
Инчунин КВД «Обу корези Душанбе» ҷиҳати омодасозии иншооту воситаҳои технологии истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ, қабулу тозакунии оби ғализ ва таъмин намудани фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ба миқдори меъёрӣ захира намудани маводи безараргардонӣ ва обсофкунӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки сохторҳои шаҳрӣ ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти онҳо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр, баррасии фаврӣ ва ҳалли арзу шикоятҳои сокинони шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 Ситоди шаҳрӣ таъсис дода шуд, ки ҷаласаҳои сайёри он дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута гузаронида мешаванд.

Май 8, 2017 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид