Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон шоми мақомхонӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 17 май дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов барномаи консертии шоми мақомхонӣ таҳти унвони «Мақоми наво» манзури ҳаводорони санъати классикӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Силсилаконсертҳои «Мақоми наво» аз ҷониби устодон ва шогирдони факултаи мусиқии суннатии тоҷик аз 15 то 17 майи соли равон ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва Рӯзи Шашмақом баргузор гардиданд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Академияи мақоми Тоҷикистон, номзади илмҳои санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов иброз дошт, ки «Мақоми наво» барои рушди минбаъдаи санъати мақомхонӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба ин санъати классикии тоҷик ва омӯзиши ҳирфаии он мусоидат мекунад.
Чунин силсилаконсертҳо бахшида ба Рӯзи Шашмақом соли дуюм аст, ки аз ҷониби Консерваторияи миллии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






