Дар ояндаи наздик дар ноҳияи Нуробод 129 лоиҳа амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ояндаи наздик дар ноҳияи Нуробод татбиқи 129 лоиҳа дар назар аст. Дар ин бора мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мирсаид Хоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти Мирсаид Хоҷаев, дар ноҳияи Нуробод тайи се соли охир 57 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар соҳаи кишоварзӣ се лоиҳа ба маблағи 3 миллион сомонӣ, тандурустӣ- 12 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 898 ҳазор сомонӣ, маориф- 13 лоиҳа ба маблағи 20 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ- 4 лоиҳа ба маблағи 161 ҳазор сомонӣ, фарҳанг- 3 лоиҳа ба маблағи 9 миллиону 350 ҳазор сомонӣ, обтаъминкунӣ- 4 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, барқтаъминкунӣ- 1 лоиҳа ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ, нақлиёт ва роҳ- 3 лоиҳа ба маблағи 10 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, ҳолатҳои фавқулода- 2 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 950 ҳазор сомонӣ ва соҳибкории хурду миёна- 9 лоиҳа ба маблағи 5 миллиону 622 сомонӣ бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардиданд.
«Дар бунёди иншооти зикршуда 69 миллиону 464 ҳазору 500 сомонӣ масраф шудааст»,-илова намуд М. Хоҷаев.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






