Дар шаҳри Хоруғ нахустин утоқи физиотерапевтӣ бо усули гилдармонӣ боз шуд
ХОРУҒ, 03.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ утоқи физиотерапевтӣ бо усули гилдармонӣ ба фаъолият пардохт. Табиби мардумӣ Қудратшоҳ Чавлихон гуфт, ки ин навъи табобат асосан бо истифодаи гили кабуд ва дар шакли ҳарорати муқаррарии ба ҷисми инсон мутобиқ сурат мегирад. Ин тарзи табобат дар шимоли кишвар хеле рушд намудааст, аммо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал ба кор буда мешавад.
Дар таркиби гили кабуд, ки намунаи онро дар аксарияти деҳоти вилоят дучор омадан мумкин аст, намаки минералӣ ва микроэлементҳои зиёди кимиёӣ мавҷуд мебошанд. Ва аз ҳама муҳим, ин гил дорои радиоактиви радий аст, ки дар тибби мардумӣ онро барои муолиҷаи сармохӯрдагӣ, бемориҳои занона, шикастабандӣ, сутунмӯҳра, саратон ва амсоли инҳо истифода мебаранд.
Оё беморон метавонанд бо истифода аз ин гил мустақилона табобат гиранд? Ба ин саволи хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» табиби мардумӣ посух дод, ки «ин гилро аввал дар печи махсус дар ҳарорати ҳазор дараҷа гармӣ мегудозанд ва танҳо пас аз безарар гардонидани баъзе элементҳои зараровар ва илова намудани миқдори муайяни гаҷ онро истифода мебаранд. Бинобар ин бидуни маслиҳати мутахассис истифода бурдани ин гил тавсия дода намешавад ва он метавонад ба ҷои фоида ба саломатии инсон зарар расонад».
Дар рӯзи аввали фаъолият даҳҳо нафар аз беморон барои муолиҷа ба ин утоқ муроҷиат карданд.