Дар Қӯшунҳои сарҳадӣ вобаста ба фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ дар моҳи апрел ҷаласа баргузор гардид

Май 9, 2017 10:39

ДУШАНБЕ, 09.05.2017. /АМИТ «Ховар» /. Дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо иштироки фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовинони фармондеҳ ва сардорони раёсатҳо ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ дар моҳи апрели соли 2017 баргузор гардид, — иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат.
Хизматчиёни мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ 81 нафар, аз ҷумла ду шахси дар кофтукоб буда ва ду нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро боздошт намуда, ба мақомоти дахлдор супориданд. Сарҳадбонони мамлакат дар моҳи апрел дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти қудратӣ 7 амалиёти махсус гузаронида, 42 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва вайронкунандагони низоми сарҳадиро боздошт намуданд. Ҳамчунин дар ин моҳ, 32 маротиба кӯшиши вайронкунии сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуд.
Задухӯрдҳои мусаллаҳона бо қочоқчиёни маводи мухаддир 2 маротиба сурат гирифта, 22 нафар дастгир шуданд.
Дар натиҷаи амалиётҳо 3 адад яроқи оташфишони тамғаи гуногун, 171 дона тирҳои қутраш гуногун, 1 адад норинҷаки РГД-5, 6 адад дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира шудааст.
Дар ин муддат аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 72 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 0,5 кило героин, 33 кило ҳашиш, 6 кило афюн, 32 кило бангдона ва чарс дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамчунин аз хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои муҳандисӣ-техникӣ ва мустаҳкамкунии хати сарҳад идома доранд.

Май 9, 2017 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст