Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонони мо бояд мунтазам ба тамрин машғул шаванд ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоянд»
ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавононро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ шуморида, солимии наврасону ҷавононро ба неруманду тавоно будани давлату миллат нисбат доданд.
Пешвои миллат ҷиҳати ҳавасманд гардонидани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр намуданд, ки то имрӯз даҳҳо нафар варзишгарони тоҷик соҳиби он гардидаанд.
Сарвари давлат ҳамчунин баён доштанд, ки маҳз дар давраи истиқлолияти давлатӣ варзиши тоҷик густариши бесобиқа пайдо карда, варзишгарони ҷавони мо тавонистанд, ки бо иштироки фаъолона ва ҳисси баланди ватандӯстонаи худ соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ гардида, ба ифтихори пирӯзии онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон ва дар гӯшаҳои мухталифи олам Суруди миллиамон садо диҳад.
Бо вуҷуди ин, Президенти кишвар зарур шумориданд, ки ҷавонони мо бояд мунтазам ба машқу тамрин машғул шаванд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ихтироъкориву навоварӣ муносибати ҷиддӣ кунанд ва бо дастовардҳои хеш Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоянд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






