Худобердӣ Холиқназар: «Ҳангома накунед! Баргузор накардани роҳпаймоии «Полки абадӣ» ҷанбаи сиёсӣ надорад»
ДУШАНБЕ, 05.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар бахшида ба солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш, ки дар арафаи 72-юмин солгарди ҷашни Ғалаба баргузор гашт, саҳми тоҷикон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945) баррасӣ шуд.
Дар ҳамоиш намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин вазорату идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат варзида, доир ба саҳми фарзандони миллати тоҷик дар таъмини музаффарияти халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мубориза бар зидди фашизм ибрози назар намуданд.
Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши мазкур аз изҳороти АМИТ «Ховар» оид ба нақшабандӣ нашудани роҳпаймоии «Полки абадӣ», ки миёни ҷомеа андешаҳои мухталиф ба вуҷуд овардааст, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки баргузор накардани роҳпаймоии «Полки абадӣ» ҷанбаи сиёсӣ надорад, балки танҳо ба далели таъмини бехатарии ширкаткунандагон рӯи даст гирифта шудааст.
Худобердӣ Холиқназар дар ҳамин ҳол аз рӯзноманигорон даъват кард, ки аз ин мавзӯъ «ҳангомасозӣ» накунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






