Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба кӯдакони ниёзманди шаҳри Душанбе кӯмак намуд

Май 30, 2017 15:59

ДУШАНБЕ, 30.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи  умумиҷаҳонии муҳофизати  кӯдакон ( 1 июн)   ва моҳи шарифи Рамазон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар доираи моҳвораи  худ иқдоми хайриявиро ҷиҳати дастгирии кӯдакони ниёзманд дар 3 парваришгоҳи шаҳри Душанбе, аз ҷумла хонаҳои  кӯдакони №№1 ва 2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе   ва хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и Раёсати маорифи шаҳри Душанбе амалӣ намуд.

Тавре аз маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин кӯмакҳо тибқи дархости роҳбарияти   парваришгоҳҳои  зикршуда роҳандозӣ гардида, аз ҷониби Ҳилоли Аҳмар тавассути ихтиёриёни он ба ин ниёзмандон дастрас ва тақсим карда шуданд.

Дар маҷмӯъ кӯмакҳои пешниҳодшуда аз 500 кг орд, 100 литр равған, 50 кг биринҷ, 55 кг гӯшти гов, 45 кг гӯшти мурғ, 50 кг шакар, 50 кг макарон, 100 дона шири қоқ ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин 116 дона матрас ва 116 адад болишт иборат мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҶҲАТ соли ҷорӣ якчанд кӯмакҳоро ба ниёзмандони кишвар интиқол додааст. Аз ҷумла, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, аниқтараш 20 марти соли 2017 ба 500 нафар оилаҳои ниёзманди 4 ноҳияи шаҳри Душанбе кӯмакҳои иборат аз  маводи хӯрокворӣ тақсим намуда, 22 апрели соли 2017 бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт ба зиёда аз 900 оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ВМКБ дар шаҳру ноҳияҳои Рушон, Шуғнон,  Мурғоб, Дарвоз, Ванҷ ва Хоруғ кӯмак расонида шуд.

Ин кӯмакҳо ангишт, оташдон, гармкунаки барқӣ, фонус, канистр, сатил, болопӯши пластикӣ, кампал, бистар, болишт, ҷойпӯш, таҷҳизоти сохтмонӣ, бастаҳои гигиенӣ, маводи ошхона ва маводи хӯроквориро дарбар мегирифтанд.

ХА4 ХА3 ХА2

Май 30, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст