Имрӯз 22 майи соли 2017, рӯзи душанбе, рӯзи 142–уми сол аст. То охири соли равон боз 223 рӯзи дигар мондааст

Май 22, 2017 12:02

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

22 майи соли 2009 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюрои Созмони ҳамкориҳои шанхай (СҲШ) ва фонди «Марҷон» намоиши СҲШ «Кӯдакон расм мекашанд» баргузор гардид.

***

Ҳамчунин дар ин рӯзи соли 2009 дар арафаи таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) дар шаҳри Ҳисор Маркази фарҳангию илмии ба номи Имоми Аъзам ба истифода дода шуд.

***

Ҳашт сол қабл, 22 майи соли 2009  дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардида буд.

***

22 майи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи овозадори Фахрободи ноҳияи Хуросон ташриф оварда, бо рафти бунёди боғу токзори он аз наздик шинос шуданд. Тавре зикр гардид, мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавии худ хеле машҳуру овозадор буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷидин Аслов бо роҳбари гурӯҳи парлумонии Британия оид ба Тоҷикистон, намояндаи Палатаи лордҳои Британияи Кабир, баронесса Вивен Стерн мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, инчунин вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

***

22 май соли 2016 дар саросари мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ барпо гардид. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии № 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй доданд.

***

Ҳамасола 22 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн бо қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1995 инҷониб дар асоси тавсияҳои Конфронси тарафҳои Конвенсияи гуногунии биологӣ, ки соли 1994 баргузор гардида буд, таҷлил карда мешавад.

 

 

Май 22, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш