Имрӯз-Рӯзи Шашмақом: ба санъати бузург дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад

Май 12, 2017 16:11

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар Тоҷикистон Рӯзи Шашмақом- баландтарин арши санъати мусиқии  классики тоҷик таҷлил карда мешавад. Таърихи ин жанри мусиқии миллӣ зиёда аз даҳ асрро дар бар гирифтааст. Дар замонҳои қадим Шашмақомро танҳо барои шахсони сарватманд иҷро мекарданд ва ин намуди санъатро «фалсафаи оҳангдор» меномиданд. Мусиқии Шашмақом ба ҳалли хирадмандонаи масоили душвор мусоидат мекард.

Бахшида ба Рӯзи Шашмақом 11 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти калони идона баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, дар барномаи консертӣ Ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, шашмақомхонони ҷавон, ансамблҳои рақсии «Лола», «Зебо» ва «Базморо» иштирок доштанд.

Шашмаком (1)

Имрӯз барномаи идона бахшида ба Рӯзи Шашмақом дар шаҳри Конибодом идома меёбад. Дар он ҷо консерти калони идона бо иштироки устодони шашмақом Абдувалӣ Абдурашидова, Озодахон Ашурова, Хуршеда Иброҳимова, Ҷамшед Эргашев ва дигарон баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» асосгузор ва роҳбари Академияи мақом, Артисти Халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов иттилоъ дод.

Мувофиқи суханони ӯ, аз 28 то 31 май дар шаҳри Конибодом гузаронидани фестивали Шашмақом ба нақша гирифта шудааст, ки дар он Академияи мақом, Ансамбли давлатии шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва дигар иҷрокунандагони мақом ширкат хоҳанд кард.

Фестивали мазкур ҳам ба Рӯзи Шашмақом ва ҳам ба ҷашни Рӯзи Конибодом бахшида мешавад. Дар доираи фестивал баргузор намудани конфронси илмӣ-амалӣ ва намоиши ҳунари устодон ба нақша гирифта шудааст.

Нақши санъати классикии Шашмақом ва Фалак бениҳоят бузург аст. Шашмақом аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун шоҳасари мероси фарҳангӣ эътироф гардидааст.

Шашмаком8

Имсол дар Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби анъанавии «устод-шогирд» барои солҳои 2017-2021 қабул ва тасдиқ гардид. Барномаи мазкур ба самти рушди санъати Шашмақом, Фалак ва эҳё намудани мактаби анъанавии «устод-шогирд» дар Тоҷикистон равона карда шудааст. Барномаи нав ба баланд бардоштани мақоми мусиқии анъанавии тоҷикӣ дар ҷомеаи муосир, рушди ҳамаҷонибаи тафаккури бадеӣ ва маънавии тоҷикон, ҳамчунин ба омода кардани мутахассисони Шашмақом ва Фалак ҳадафманд гардонда шудааст.

Дар доираи татбиқи ин барнома чопи ҷилди аввали китоби нави «Шашмақом» ба забони тоҷикӣ дар назар дошта шудааст. Сипас чопи китоби «Шашмақом» бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Соли гузашта китоби шашҷилдаи «Шашмақом» аз чоп баромад, ки он ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, вале, мутаассифона, он бо ҳаҷми хеле кам- ҳамагӣ 100 нусха чоп шуда гардид. Ҳоло Академияи мақом дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд, ки ҳар сол 1-2 ҳазор нусха китоби «Шашмақом»-ро барои санъатшиносон, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии махсус ва дӯстдорони ин навъи санъати бузургу воло нашр кунанд.

Аз нав чоп кардани Энсиклопедияи Шашмақом ва Мунтахаби сурудҳои классикии тоҷикӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Албатта, ба мактаби анъанавии «устод-шогирд», ки дар назди Академияи мақом кушода шуда, таълим дар он аз рӯи се зина пеш бурда мешавад таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Дар ин мактаб шогирдон аз хурдӣ бо ҳунари устодон ошно шуда, нозукиҳои ин санъат ва ҳунари устоди худро аз бар мекунанд.

15 сол қабл аз ин, дар Тоҷикистон бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтани Рӯзи Шашмақом дар сатҳи давлатӣ ҷорӣ карда шуд. Маҳз дар ҳамон давра мутахассисон оид ба эҳтимоли аз байн рафтани ин навъи санъати қадимӣ изҳори ташвиш карда буданд. Имрӯз вазъият ба куллӣ тағйир ёфт, акнун санъати қадимии миллатро ояндаи нек интизор аст.

Соли 2013 ЮНЕСКО Шашмақомро ба рӯйхати шоҳасарҳои мероси ғайримоддӣ ворид кард.

Шашмақом  услуби мураккаб аст. Дар ин навъи санъат ларзиши садопардаҳо ва вазни мураттаб муҳим мебошад. Таҳти навои ин мусиқӣ ҳаракатҳои рақсии муназзам иҷро карда мешаванд. Номи Шашмақом аз 6 мақом гирифта шудааст, вале чандин асрҳо пеш аз ин он аз 12 мақом иборат буду тадриҷан ба 6 мақом оварда шуд. Матнҳои Шашмақом аз ғазалҳои классикони адабиёти ҷаҳонгири Шарқ иборат мебошанд.

 

 

 

Май 12, 2017 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд
Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дуюмин Ассамблеяи умумии Эътилофи мероси Осиё баргузор гардид
Филми «Моҳӣ дар шаст» дар синамоҷашнвораи «Парвонаи алмосӣ» ба сегонаи беҳтаринҳо роҳ ёфт
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз довталабони озмун барои «Шоҳҷоиза» рақобат менамоянд
Дар намоишгоҳи байналмилалии Пекин нигораҳои нодири Тоҷикистонро беш аз 1 миллион нафар тамошо намуданд
Довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо адибон вохӯрӣ намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони меҳнати ноҳияи Кӯшониён тақдим карда шуд
Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд