Кормандони бонкҳои тиҷоратӣ бо таҷрибаи маблағгузории соҳаи кишоварзӣ дар Олмон шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони бонкҳои тиҷоратӣ, ки бевосита дар самти маблағгузории соҳаи кишоварзӣ кор мебаранд, бо таҷрибаи маблағгузории соҳаи кишоварзӣ дар Олмон шинос гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Шиносоӣ дар доираи лоиҳаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Олмон) дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва омӯзиши дугона (дуалӣ) зимни машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид.
Ҳадафи омӯзиши чоррӯза омӯзиши тарзи таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, таҳлили ҳисоботдиҳии молиявӣ ва хавфи эҳтимолии соҳаи кишоварзӣ буд. Барои гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ аз ҷониби Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Олмон) коршиноси соҳа — машваратчӣ оид ба мизоҷони корпоративии Хазинаи амонатии шаҳри Ултсени Олмон Артур Клаузер даъват шуд. Мавсуф ба намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ дар мисоли амалияи қарздиҳӣ барои харидории таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ ва рушди соҳаи паррандапарварӣ барномаву маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






