Маорифчиёни ҷавон бо ёдгориҳои таърихӣ ва мероси ниёгони гузашта шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли ҷавонон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонон-кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои тобеи он ба шаҳри Норак сафар намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, зимни сафар ҷавонон нахуст аз Неругоҳи барқи обии Норак ва осорхонаи он дидан намуданд. Ба ҷавонон маълумот дода шуд, ки Неругоҳи барқи обии Норак бо иқтидори 3.0ГВт фаъолият намуда, 75 фоизи аҳолиро бо неруи барқ таъмин менамояд. Корҳои лоиҳакашии он солҳои 50-уми асри гузашта оғоз гардида, то соли 1961 идома ёфтаанд.
Баландии дарғоти он 300 метрро ташкил медиҳад, ки то соли 2013 он баландтарин дарғоти ҷаҳон маҳсуб мешуд. Шурўъ аз соли 2014 аз моҳи май то октябр Тоҷикистон ба ҷумҳуриҳои Қирғизистону Афғонистон неруи барқ интиқол медиҳад.
Иштирокчиёни сафар аз Осорхонаи марказии шаҳр дидан намуда, бо ёдгориҳои таърихӣ ва мероси гузаштагон, ки дар он нигоҳдорӣ мешаванд, шинос гардиданд.
Сафари маорифчиён бо истироҳат дар соҳили дарёи Вахш ва мусобиқаҳои варзишии футболу волейбол ва тенниси рўймизӣ анҷом ёфт, ки басо хотирмон буд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






