Муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе вазифадор гаштанд ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст шаванд
ДУШАНБЕ, 22.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 ва 2018 зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, аз натиҷаи зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои тандурустӣ дар давраи тирамоҳу зимистони гузашта сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саидалӣ Амонов муфассал сухан гуфт. Бино ба гуфтаи С.Амонов, на дар ҳамаи муассисаҳо кор ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда буд. «Ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст набудани баъзе муассисаҳо, сари вақт ва бо сифати баланд таъмин нашудани бархе аз муассисаҳои ноҳияҳои дурдаст бо ангишту ҳезум чанд мушкилиро ба бор оварда буд»,-илова кард сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ба ҳамаи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла роҳбарони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ, роҳбарони муассисаҳои ташхисиву табобатии ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ супориши қатъӣ дод, ки то 1 сентябри соли равон ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ пурра омода шуда, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳисоботи мушаххаси худро пешниҳод намоянд.
Ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст шуда, қувваи барқро сарфа намоянд. Ноҳияҳо ва шаҳрҳо уҳдадор карда шуданд, ки ангишту ҳезумро барои муассисаҳояшон сари вақт захира намоянд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






