Мубодилаи мол байни Тоҷикистону Чин дар соли 2020 ба 3 миллиард доллар расонида хоҳад шуд

Май 15, 2017 17:08

ДУШАНБЕ, 15.05.2017/АМИТ «Ховар»/. «Мубодилаи мол байни Тоҷикистону Чин дар соли гузашта бо назардошти таъсири равандҳои буҳрони молиявӣ ба андозаи 30 фоиз коҳиш ёфт. Дар робита ба ин мо омода ҳастем барои дар соли 2020 то 3 миллиард доллари амрикоӣ расонидани табодули тиҷоратии дуҷониба тадбирҳои муштарак андешем». Ин матлаб зимни мулоқоти Раиси  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Мардумии Чин Пан Юнхе зикр шуд.

Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷараёни корҳои ҳавасмандгардониро барои ҷалби бештари ширкатҳои чинӣ ба иқтисоди кишвар идома дода, фазои мусоиди сармоягузориро  таъмин менамояд. «Дар ин замина мо ташаббусҳои таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо  Чин ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳем кард»,-зикр кард Ш. Зуҳуров.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи бештар содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан лимӯ, хурмо, ангур ва дигар навъҳои меваю сабзавоти тозаро ба Чин тақвият бахшиданист. Аз ин рӯ, мо ба имзои Протоколи талаботи фитосанитарии байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантинии маҳсулоти  Чин  дар рӯзҳои наздик умедвор ҳастем.

Таъкид шуд, ки  бо назардошти он, ки ҳамкории дуҷониба дар самти боркашонӣ низ густариш пайдо кардааст, маросими имзои Созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ ва мусоидати тарафайн дар умури гумрукӣ бояд вусъат дода шавад.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки лоиҳаи Созишномаи мазкурро дар замони барои  ҷониби Чин мувофиқ имзо намояд.

Май 15, 2017 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд