Мубодилаи мол байни Тоҷикистону Чин дар соли 2020 ба 3 миллиард доллар расонида хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2017/АМИТ «Ховар»/. «Мубодилаи мол байни Тоҷикистону Чин дар соли гузашта бо назардошти таъсири равандҳои буҳрони молиявӣ ба андозаи 30 фоиз коҳиш ёфт. Дар робита ба ин мо омода ҳастем барои дар соли 2020 то 3 миллиард доллари амрикоӣ расонидани табодули тиҷоратии дуҷониба тадбирҳои муштарак андешем». Ин матлаб зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Мардумии Чин Пан Юнхе зикр шуд.
Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷараёни корҳои ҳавасмандгардониро барои ҷалби бештари ширкатҳои чинӣ ба иқтисоди кишвар идома дода, фазои мусоиди сармоягузориро таъмин менамояд. «Дар ин замина мо ташаббусҳои таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо Чин ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳем кард»,-зикр кард Ш. Зуҳуров.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи бештар содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан лимӯ, хурмо, ангур ва дигар навъҳои меваю сабзавоти тозаро ба Чин тақвият бахшиданист. Аз ин рӯ, мо ба имзои Протоколи талаботи фитосанитарии байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантинии маҳсулоти Чин дар рӯзҳои наздик умедвор ҳастем.
Таъкид шуд, ки бо назардошти он, ки ҳамкории дуҷониба дар самти боркашонӣ низ густариш пайдо кардааст, маросими имзои Созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ ва мусоидати тарафайн дар умури гумрукӣ бояд вусъат дода шавад.
Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки лоиҳаи Созишномаи мазкурро дар замони барои ҷониби Чин мувофиқ имзо намояд.








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






