Намояндагони як зумра давлатҳо муайян намудани дурнамои иттифоқи касаба дар самти меҳнатро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Форуми байналмилалии «Иттифоқҳои касаба ва дурнамои соҳаи меҳнат дар оянда» баргузор гардид.
Дар кори Форум намояндагони иттифоқҳои касабаи кишварҳои Тоҷикистон, Россия, Хитой, Эрон, Ҳиндустон, Бразилия, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Форуми мазкур аз Тоҷикистон муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода сухан гуфт.
Мақсади Форуми байналмилалии «Иттифоқҳои касаба ва дурнамои соҳаи меҳнат дар оянда» муайян намудани дурнамои иттифоқи касаба дар самти меҳнат арзёбӣ гардида, он бо ташаббуси иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Беларус дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналхалқии меҳнат доир карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






