Назри Яздонӣ: «Шашмақом ҳамчун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора пайдо кард»
Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд.
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шашмақом ҳамчун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард. 12 майи соли 2000 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди минбаъдаи санъати Шашмақом ва ба ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мақоми давлатӣ фармон содир намуда буданд.
Соли 2010 Шашмақом аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО ба феҳристи шоҳкориҳои шифоҳӣ ва ғайримоддии мероси ҷаҳонӣ ҳамроҳ карда шуд. Вобаста ба вазъи имрӯзаи мусиқии тоҷик ва нафароне, ки дар ин ҷодаи санъати тоҷик саҳми бориз доранд, чанд андешаеро аз китоби «Ҳикмати озодагон»-и Назри Яздонӣ дар зер меорем.
Суруди тоҷикӣ бо жанрҳои фаровонаш, «Шашмақом», «ҳамосасароӣ», «фалак», «нақш», «тӯёна», «марсиясароӣ», «қаландарӣ», «алла» ва ғайраву ва ғайраҳо, ки ҳар кадоме вазифаҳои худро доранд, барои пурра таъмин кардани талаботи гуногунии равонии инсон нақши мушаххас доранд. Яке инсонро дар вартаи мотам таскин медиҳад, яке шӯру шавқи пухтаи инсонро таҷаллӣ дода, рӯзгори зоҳириашро ороставу муайян мекунад, яке ба қаҳрамонӣ, дигар ба ҳамдардӣ ва саввумӣ ба тафаккур ҳидоят мекунад. Дар маҷмӯъ, суруди тоҷикӣ инсонро ба камолоти маънавӣ мерасонад, мусоидат мекунад, ки аз лаззатҳои фаровонии рӯзгор, чаҳони ботинии инсонӣ баҳра бигирад. Ин бахшҳои фарҳангии суруд, мутаассифона, тамоил ба заиф шудан доранд. Ақидаи ман ин аст, ки бо гузаштани Одина Ҳошим жанри қиссахонӣ ҳам даргузаштааст. Бошад, ки чунин набошад, аммо ҳақиқати зиндагӣ орзуҳо ва тасаввуроти бебунёдро намепазирад…
Одина Ҳошим то буд, як овозхони барҷаста буд. Акнун ки нест, мо мегӯем: «Як қитъаи саҳнаи суруд холӣ мондааст». Воқеан ҳам ҷои ӯ, мутаассифона, холист. Барои равшантар фаҳмидани ин маънӣ ба хотир биёрем, ки ҷои Ҳикмат Ризо акнун барои ҷовидон холист. Фолклоршиносоне, ки эҷодиёти ӯро сабт кардаанд, қоил ҳастанд, ки танҳо чил фоизи онро навиштаанду тақдири он чил фоиз ҳам маълум нест…
Одина Ҳошим таҷассуми зиндаи анъанаи бостонии тоҷикӣ буд, ки бо сабки «сина ба сина» аз насл ба насл гузашта, то ба имрӯз омада расидааст.
Дар мусиқии ҷаҳон «Шашмақом» чӣ қадр дорад? То ҷое, ки ман медонам, ақидаи мутахассисони ҷаҳонӣ ин аст, ки Шашмақом арзиши баланди касбӣ дорад ва ҷанбаи барҷастаи он ашрофона буданаш аст.
Саволи ман ин аст: Оё ашрофона будан маънои умимиллӣ буданро надорад? Ба фикри ман, ашрофӣ будани Шашмақом монанди ашрофӣ ё қалбӣ будани симфония нест, фарқ ин аст, ки барои фаҳмидани мусиқии симфонӣ тарбияти махсуси касбӣ зарур аст. Барои фаҳмидани Шашмақом тарғибу ташвиқи пайвастаи он кифоят мекунад. Ин андешаро таҷрибаи даҳ соли охири такдири Шашмақом дар Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Дар ин даҳ сол тадбирҳои судманд амалӣ шуданд ва зеҳни шумораи зиёди мардум ба он алоқаманд шуд, ки ин як натиҷаи бисёр муҳим аст ҳам дар самти тарбияи мусиқӣ ва ҳам дар худшиносии миллӣ.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






