Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои камхарҷ гардидани маъракаҳо мусоидат менамояд
МУЪМИНОБОД, 3.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории таблиғотӣ, ки дар он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадшариф Бобошоҳзода шомил аст, бо мақсади фаҳмондани муҳтавои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Муъминобод қарор дорад.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳия Тоҳирхон Амиршозода, раиси ноҳияи Муъминобод оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар ноҳия иброз дошт, ки қабули конуни мазкур аз манфиат холӣ набуда, барои камхарҷ гардидани маъракаҳои тӯй ва маросимҳо мусоидат менамояд.
Чунин вохӯриҳо бо аҳолӣ аз 2 то 6 май дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Муъминобод доир мешаванд.
Ёдрас менамоем, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






