Пешвои миллат назари солиму огоҳонаи ҷавононро нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи насли ояндасози мамлакат номиданд

Май 23, 2017 09:56

ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ  «Ховар»/. Пешвои миллат дар Паёми табрикотии худ бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо қаноатмандӣ аз назари солиму огоҳона ва диди густурдаи ҷавонон нисбат ба мафҳумҳои ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ ифтихор намуда, онро нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат номидаанд.

Президенти кишвар изҳор доштанд, ки дар раванди давлатсозӣ ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии ватан, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти идораи давлат ва рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Бино ба андешаи Пешвои миллат, ҷавонони даврони истиқлолият таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил менамоянд ва барои омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош мекунанд.

 

Май 23, 2017 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст