«Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» дар Тоҷикистон: мактабҳои олии Қазоқистон барои донишҷӯён тахфифҳои махсус пешниҳод менамоянд
ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 май дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» баргузор гардид.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар намоишгоҳ беш аз 15 донишгоҳи бонуфузи Қазоқистон ба хатмкунандагони мактабҳои ҳамагонӣ, хонандагон ва донишҷӯёни тоҷик дар бораи мактабҳои олии худ маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи маориф ҳамкории зич дорад. «Мо таҷрибаи Қазоқистонро дар соҳаи маориф мавриди итифода қарор додаем. Инчунин мо омӯзгорон ва кормандони вазоратро барои таҷрибаандӯзӣ ба Қазоқистон доим сафарбар менамоем ва онҳо таҷрибаи андӯхтаи худро баҳри пешбурди соҳаи маориф истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки мо таҷрибаи стипендияи президентии қазоқҳоро омӯхта, стипендияи президентии «Дурахшандагон»-ро барои донишҷӯёни тоҷики дар хориҷа таҳсилкунанда таъсис додем. Ин барои мо таҷрибаи хуб буд. Хурсандиовар аст, ки дар Қазоқистон барои шаҳрвандони тоҷик стипендия ва квотаҳо барои таҳсил ҷудо карда мешаванд. Ин квотаҳо барои касбу соҳаҳое, ки ҳанӯз дар мактабҳои олии Тоҷикистон роҳандозӣ нашудаанд, хеле зарур ва саривақтианд. Намоишгоҳи имрӯза имкон медиҳад, ки мо ҳамкории мутақобилан судмандро боз ҳам бештар ба роҳ монем. Умедворам, ки ҷавонони мо дар Қазоқистон таҳсил карда, таҷрибаи ин кишварро пас аз хатм дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд»,-илова намуд муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ноиби президенти Ҷамъияти саҳомии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Зулфия Торебекова зикр намуд, ки имрӯз 17 мактаби олӣ ба маърази шаҳрвандони Тоҷикистон як қатор ихтисосҳоро пешниҳод намуданд. «Мебинем, ки ҷавонон ба ин намоишгоҳ таваҷҷуҳ доранд ва аллакай аз субҳ ҷамъ омадаанд. Фикр мекунам, ки имрӯз ғайр аз ҷалби ҷавонон ба мактабҳои олии Қазоқистон, инчунин байни донишгоҳҳо созишномаҳо ва дигар ҳамкории судманд ба имзо расонида мешаванд»,-афзуд Зулфия Торебекова.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов баён дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми мамлакат барои таҳсили донишҷӯён дар хориҷа барномаҳои зиёдро тарҳрезӣ намудаанд. «Имрӯз мактабҳои олии Қазоқистон барои таҳсили донишҷӯён тамоми имкониятҳои инноватсиониро роҳандозӣ карда, роҳҳои муосири таҳсилро пешниҳод мекунанд. Фикр мекунам, мактабҳои олии Қазоқистон барои донишҷӯёни хориҷӣ афзалиятҳои хуб пешкаш менамоянд. Маблағе, ки ҳангоми таҳсил дар кишвари мо сарф мешавад, нисбат ба таҳсил дар Россия камтар буда, барои донишҷӯёни хориҷӣ тахфифҳои махсус низ роҳандозӣ шудаанд»,- зикр намуд Нурлан Сейтимов.
Сафир инчунин пешниҳод намуд, ки намоишгоҳи «Рӯзи маорифи Казоқистон» анъанавӣ гашта, дар Тоҷикистон ҳар сол гузаронида шавад.
Хотиррасон мекунем, ки намоишгоҳ то 16 май идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд аз он дар бораи мактабҳои олии ин кишвар маълумоти пурра ба даст оранд.














Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






