«Саҳми ман дар рушди кишвар»-ҳамоиш дар шаҳри Ҳисор

Май 18, 2017 15:49

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар бахшида ба Соли ҷавонон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони  Ватан» маҷмӯи чорабиниҳо таҳти унвони «Рӯзҳои «Созандагони  Ватан» доир гардида истодаанд, ки ҳадаф аз баргузории онҳо тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ арзёбӣ карда мешавад.

Тавре аз ТҶҶ «Созандагони Ватан» хабар доданд, дар шаҳри Ҳисор низ чунин як ҳамоши ҷавонон  таҳти унвони «Саҳми ман дар рушди кишвар» дар доираи «Рӯзҳои «Созандагони Ватан» доир гардид.

Ҳамоиш аз якчанд қисмат, роҳпаймоии ҷавонон, кашидани расми беҳтарин, намоиши маҳсули корҳои дастӣ, барномаи сиёсӣ ва фарҳангӣ иборат буд.

Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ҷавони бо нангу номус ва озодандешро мебояд, ки дар самти пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ  кӯшиш ба харҷ дода,  бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ки ба ин ду арзиши олии миллӣ хатар эҷод менамоянд, муборизаи беамон баранд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи баланди шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ҷамъбаст гардида, ба фаъолон ифтихорномаҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» супорида шуданд.

Май 18, 2017 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ