Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба шаҳри Қазон сафари корӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 27 майи соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ дар шаҳри Қазон қарор дошт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар доираи ин сафар 24 май вохӯрӣ бо ҳамватанони муқими Қазон ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон сурат гирифт. Зимни вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон И. Сатторов оид ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, ҷашни 25-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни онҳо, кӯшишҳои бевоситаи роҳбарони ду кишвар ҷиҳати беҳдошти будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ сухан гуфт.
Ҳамзамон аз роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷик хоҳиш шуд, ки дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд. Дар ҷараёни суҳбат бо ҳамватанон мушкилиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ карда шуда, фаъолияти Сафорат ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар Россия дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо фаҳмонида шуд.
Роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон аз роҳбарияту Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои тоҷикистониён дар Россия ва рушди кишварамон саҳми худро мегузоранд.
26 май Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳайати расмии Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ иштирок намуд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор вобаста ба муносибатҳо дар соҳаҳои илму навоварӣ, таъмини амнияти нақлиётӣ, бо мақсади осоишта истифода бурдани энергияи атомӣ, радионагатсия, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи геодезия ва картография, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва фаъолияти минбаъдаи Суди иқтисодии ИДМ ба имзо расиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






