«Шабе дар осорхона» фарогири ҳунарҳои дастии мардумӣ, рассомӣ, намоиши либосҳои арӯсӣ ва аксҳои беҳтарин буд
ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ Ховар/. Шоми дирӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» баргузор гардид.
Тавре директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода иброз дошт, барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, он бори аввал дар Тоҷикистон пас аз ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 доир шуда буд.
Дар ҳамоиши фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» 13 барнома, аз ҷумла озмуни қироати шеър «Донояк», намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ, намоиши либоси арӯсӣ, озмуни акси беҳтарин, рангу бор намудани нақши ҷонварон, ҳунари рассомӣ ва аз коғаз омода намудани бозичаҳо доир гардид. Ҳамчунин дар қисмати шимолу шарқии осорхона филми ҳуҷчатӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвар обҳои равонбахш» пешниҳоди тамошобинон гардид.
Барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» бо мақсади ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъриху фарҳанги кишвар, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази дилхушиии кӯдаконаи «Мадагаскар» ва дигар марказҳои ҳунарию илмӣ роҳандозӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилали осорхонаҳо (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.



















Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






