Шариф Назарзода: «Барои пешгирии ҷинояткорӣ ва решакан намудани зуҳуроти ба фарҳанги миллӣ бегона муборизаи дастаҷамъона барем»
ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар доираи амалиёти пешгирӣ ва маърифатии «Маданияти шаҳрдорӣ» бо фаъолони ноҳия мулоқоти судманд баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майор Шариф Назарзода аз саҳми ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ҳарф зад. Ӯ аз ҷумла, зикр намуд, ки «рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамасола боло рафта, садҳо муассисаҳои истеҳсолӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва иҷтимоӣ, маданиву маишӣ ва таълимӣ, варзишӣ ва ҳифзи саломатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд».
Шариф Назарзода аз иштирокдорони мулоқот даъват ба амал овард, то дар пешгирии ҷинояткорӣ ва решакан намудани зуҳуроти ба фарҳанги миллӣ бегона муборизаи дастаҷамъона баранд.
«Сокинони ноҳия иброз доштанд, ки дар доираи баргузории амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» фаъолона иштирок намуда, дар бартарафсозии мушкилоти ҷомеа ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳми назаррас мегузоранд»,-иттилоъ доданд аз Вазорат.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






