Таҳқиқи хосиятҳои электрикии обҳои нӯшокии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Май 15, 2017 11:43

ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони  «Проблемаҳои муосири рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конфронс муҳимтарин масъалаҳои рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ дар се бахш бо ширкати донишмандон, олимони соҳа ва донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар бахши Физикаи муҳитҳои конденсионӣ ширкаткунандагон маърӯзаҳои «Тадқиқи гармигузаронии маҳлулҳои равғани офтобпараст аз консентратсияи н-гексан дар фишор ва ҳароратҳои баланд», «Таҳлили муқоисавии сохтори системаи nа,cа//сo3,f  h2o  дар ҳароратҳои 25 ва 50 ос», «Таҳқиқи хосиятҳои  электрикии обҳои нӯшокии шаҳри  Душанбе», «Ба воситаи методҳои  физикавӣ ва химиявӣ муайян намудани таркиби партовҳо» ва «Техникаи микропротсессорӣ ва истифодаи он дар рӯзгор» шунида шуданд.

Иштирокдорони гурӯҳи Методикаи таълими физика атрофи «Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълими физика», «Нақши масъалаҳои графикӣ ва фаъолияти дарккунии хонандагон дар ҷараёни таълими физика», «Робитаи байнифаннӣ дар раванди таълими фанни физика», «Алгоритми ҳалли масъалаҳо доир ба мавзӯи «Қонуни якуми термодинамика» ва «Робитаи байни фаннии физика ва биология дар омӯзиши мавзӯи афканишоти электромагнитӣ» баҳс карданд.

Дар бахши математика ва методикаи таълими он қариб 20 маърӯзаву гузоришҳои илмӣ шунида шуданд.

Май 15, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст