Темур Бойзода, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон: «Ҳадафи асосии Қонуни танзим-коҳиш додани сатҳи камбизоатии мардум аст»
ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аҳли ҷамоат, фаъолон, ходимони динӣ ва намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолии ноҳияҳои Хуросон, Панҷ, Вахш ва шаҳри Сарбанд дар арафаи таҷлили 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдории худро аз қонуни мазкур эълон карданд. Дар вохӯрии гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 2 то 5 майи соли 2017 дар ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа бо доираҳои васеи аҳолӣ доир шуд, зикр гардид, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар мавриди қабули ин қонуни муҳим аз тарафи мардум дастгирии васеъ ёфта, дар 10 соли татбиқи ин Қонун дар рӯзгори аҳолӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омаданд.
Зикр гардид, ки он на танҳо таъсири иқтисодиву иҷтимоӣ, балки таъсири ҷиддии фикрӣ ва рӯҳӣ низ доштааст. Яъне илова бар он, ки аз баракати татбиқи Қонуни мазкур даҳҳо миллиард сомонии аҳолӣ сарфаҷӯйӣ шудааст, мардуми минтақаҳои гуногуни кишвар тафаккури сарфаҷӯиро низ омӯхтааст. Татбиқи ин Қонун сабаб шудааст, ки мардум ба рӯзгори худ, ба расму оин, маъракаву чорабиниҳо ва буҷаи оилавии худ нигоҳи ақлонӣ дошта бошанд. Бузургтарин дастоварди Қонуни зикршуда ақлонӣ шудани хароҷот ва гузаштан ба хароҷоти ҳадафманд арзёбӣ гардид. Таҳлили намунаҳои мушаххас аз рӯзгори мардуми ноҳияҳои Хуросон, Панҷ, Вахш ва шаҳри Сарбанд нишон медиҳад, ки ин Қонун хароҷоти оқилонаро дар байни мардум ба ҳукми анъана дароварда, боиси беҳбудии воқеии вазъи иҷтимоии онҳо гаштааст.
Муовини якуми Раиси суди вилояти Хатлон Темур Бойзода зимни баррасии ҳолати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои вилоят иброз дошт, ки Қонуни мазкур бахши муҳиме аз ҳадафи стратегии давлат, яъне коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар байни ахолӣ буда, бо ҷамъбасти 10 соли татбиқи он метавон гуфт, ки Қонун ба ҳадафҳои худ наздик шудааст, зеро дар ин давра сатхи камбизоатии ахолӣ аз 80% ба 29% коҳиш ёфта, хусусан вазъи зиндагии мардуми деҳот дар минтақаҳои вилоят беҳбуд ёфтааст.
Тавре маълум аст, моҳи июни соли 2017 10-солагии қабули Қонун дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таҷлил гмеардад. Ба ин муносибат гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат моҳият ва дастовардҳои ин Қонуни миллиро бори дигар шарҳ дода, фикру мулоҳизаи мардумро дар атрофи он мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Фаъолияти гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои номбурда идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд






