Ҳусайн Нидозода вакили Маҷлиси намояндагон гардид

Май 30, 2017 14:19

ДУШАНБЕ, 30.05.2017/АМИТ «Ховар»/.  Ҳусайн Нидозода, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ  аз ҳавзаи  ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати  дахлдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба гирифтани мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид.  Дар робита ба ин 29 май  Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия  ба Ҳусайн Нидозода шаҳодатномаи вакилӣ супорид. Инчунин аъзои Комиссия Ҳ. Нидозодаро ҳамчун  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд  гирифта, ваколаташро тасдиқ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳ. Нидозода забоншинос буда, вай дар палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон  ба ивази  намояндаи ҲХДТ Дилшод Исматуллозода, ки  8 май бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муовини роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд, тибқи рӯйхати  ҲХДТ вакили Маҷлиси намояндагон гардид.

Мавриди зикр аст, ки  ваколати вакили Маҷлиси намояндагон Дилшод Исматуллозода бо сабаби ба вазифаи  дигар таъйин шуданаш  11 майи соли равон бо Қарори палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пеш аз муҳлат  қатъ гардид.

 

 

 

Май 30, 2017 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст