Вохӯрии коршиносон оид ба ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳоои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба омодагии ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви ИДМ, ки баргузории он ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ коршиносони Политсияи Ҷумҳурии Арманистон, вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Молдова, Федератсияи Россия, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ иштирок намуданд.
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода иброз дошт, ки байни иштирокчиёни вохӯрӣ доир ба ҳолати мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, баррасии ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зикр шуд, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви ИДМ лоиҳаҳои як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанде аз санадҳо мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






