Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор карда шуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои гуногуни имкониятҳои иқтисодии ҳарду кишвар баррасӣ карда шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоишро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.
Ҳамоиш аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Розуқулов ифтитоҳ гардида, ба муносибатҳои сиёсиву фарҳангии ҳарду давлати ҳамсоя баҳои баланд дода шуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо назардошти рушди муттасили иқтисодӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба таҳкими равобити дӯстии халқҳои ду кишвари бародар диққати махсус дода, ташкили чунин чорабиниҳо ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва тақвияти доираи муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи давлатӣ ва муколама бо бахши хусусӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар чорабинӣ асосан намояндагони бахши хусусии ҳарду кишвар иштирок намуданд ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши саноат аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ муаррифӣ карда шуд.
Ҳамоиш натиҷаи Бизнес-форуми қаблӣ арзёбӣ гардид: танҳо тайи шаш моҳи соли 2017 зиёда аз 20 созишномаву пайнавиштҳо ба маблағи зиёда аз 316 млн. сомонӣ (35 млн.доллар) ба имзо расонида шудаанд.
Ҳамоиш бо мулоқоти дуҷонибаи намояндагони доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар формати В2В аз рӯи масъалаҳои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар анҷом ёфта, дар натиҷаи он 3 Созишнома ва 5 Меморандум ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни афзалиятнок ба имзо расонида шуданд. Аз ҷумла, Шартнома оид ба воридоти маводи сохтмонӣ байни ҶДММ «Авицена» (Тоҷикистон) ва «Узстройматериалы» (Ӯзбекистон) ба маблағи 3 млн. доллари ИМА, Шартнома оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи техникаи кишоварзӣ байни ОАО «УзАгротехмаш» (Ӯзбекистон) ва «Тоҷикагролизинг» (Тоҷикистон) ба маблағи 2,9 млн. доллари ИМА, Шартномаи ҳамкорӣ оид ба хариду фурӯши нӯшокиҳо байни ҶДММ «Ҷасур- РД» (Тоҷикистон) ва Ширкати Холдингии «Узбекозиқовқатхолдинг» (Узбекистон), Меморандум оид ба воридоти маводи доруворӣ байни ҶДММ «Шифочой» (Тоҷикистон) ва Ширкати «Nikapharm» (Ӯзбекистон), Меморандум оид ба воридоти доруворӣ байни ҶДММ «Шифочой» (Тоҷикистон) ва ширкати “LAXISAM” (Ӯзбекистон), Меморандум оид ба воридоти нӯриҳои минералӣ байни ҶДММ «Uzsanoatexport» (Ӯзбекистон) ва ҶДММ “Фаришта 2011” (Тоҷикистон), Меморандум оид ба воридоти масолеҳи сохтмонӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли он байни Ассотсиатсияи сохтмонӣ ва коркарди чӯб “Кедр” (Тоҷикистон) ва ҶСК “Узстройматериалы» (Ӯзбекистон), инчунин Мемарандум оид ба хизматрасониҳо дар соҳаи техникаи кишоварзӣ байни «Тоҷикагролизинг» (Тоҷикистон) ва «Узагротехмаш» (Ӯзбекистон) ба имзо расонида шуданд.













Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






