Бо дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат дар Тоҷикистон футбол рушд меёбад

Июнь 28, 2017 15:40

ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз як ид то иди дигар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки он боиси рушду тараққии соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар мегардад. Ин навбат дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба 20 — солагии иди Ваҳдати миллӣ Варзишгоҳи марказии шаҳр бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Барои сохтмони варзишгоҳ 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо гардиданд. Тавре дар ёд дорем, ҳанӯз моҳи  августи соли 2014 бо эълон шудани соли Рушди футбол дар Тоҷикистон барои бунёди ин варзишгоҳ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос   гузошта шуда, анҷоми он маҳз ба рӯзи 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ муқаррар гардида буд.

Ҳамин тавр дар Тоҷикистон боз як  варзишгоҳи бузург, ки ба талаботи мусобиқоти байналмилалӣ ҷавобгӯ аст, мавриди истифода қарор гирифт. Солҳои охир барои ба талаботи Федератсияи футболи мамлакат ҷавобгӯ набудани варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат дастаи футболи «Хайр»-и ин шаҳр  маҷбур мешуд, ки бозиҳои хонагии худро дар шаҳри Душанбе баргузор намояд ва имсол тибқи низоми нави кории ФФТ ва гузаштан ба литсензиякунонии дастаҳо ва варзишгоҳҳо дастаи «Хайр»-и Ваҳдат  аз қатори дастаҳои лигаи олӣ берун шуд ва якбора фаъолияташро қатъ кард. Асос набудани варзишгоҳи замонавӣ  буд.

Беш аз як сол муқаддам, 27 октябри соли 2015 Тоҷикистон бо ҷашнгирии 3 000 –солагии Ҳисори шодмон соҳиби варзишгоҳи наву замонавӣ гардид, ки он дорои 20 000 ҷои нишаст мебошад.  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оқилона барои хотирмон гузаштани 3000 –солагии Ҳисор бунёди Варзишгоҳро  ба роҳ монданд, ки дар таърих боқӣ хоҳад монд. Ин амали некхоҳона ва дурбинонаи Сарвари давлат барои  ривоҷи футбол миёни кӯдакону наврасони Ҳисор шароити олӣ муҳайё кард. Дар Варзишгоҳ на танҳо мусобиқаи футбол, инчунин мусобиқоти гуногунро  аз рӯи дигар намудҳои варзиш низ гузаронидан мумкин аст.

Варзишгоҳи марказии  Ҳисор бо маблағи беш аз 42 миллион сомонӣ бунёд гардид. Имрӯз дар ин Варзишгоҳ дастаи мунтахаби  ҷавонони Тоҷикистон бозиҳои хонагии худро барпо мекунад.  Бозиҳои байналмилалии «CAFA Cup-2017 – U-15» бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон  ва Тоҷикистон аз 2 то 10 июли соли 2017  баргузор мегарданд.

20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар пешрафти футболи Тоҷикистон аввалин гомҳои худро бо бунёди Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»  дар шаҳри Хуҷанд гузошт. Баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш (соли 2009) дар рӯзи 20-солагии Истиқлолияти кишвари азизамон Пешвои миллат бо кушодани  ин варзишгоҳ роҳи баргузории мусобиқоти байналмилалиро оид ба  футбол дар кишварамон ҳамвор карданд. Дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиё дар доираи бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳону Осиё дар ин майдон ҳунарнамоӣ намуданд. Мушкилоти надоштани варзишгоҳи замонавӣ аз байн рафт.

35404968242_d987ac9ed3_z

Соли гузашта бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё оид ба футзал низ дар ин ҷо гузаронида шуданд.

25-солагии Истиқлолияти мамлакат низ бо замонавӣ шудани Варзишгоҳи  «Металлург» –и шаҳри Турсунзода дар хотири мухлисони футболи кишвар ва кулли мардуми Тоҷикистон  нақш баст. Бо дастурҳои Сарвари давлат теъдоди ҷои нишасти варзишгоҳ зиёд гардид ва  он ба  варзишгоҳи болопӯшида табдил ёфт.

Мисолҳое, ки дар боло овардем, дар бораи варзишгоҳҳои бузурге буданд, ки дар арафаи идҳои гуногун сохта шудаанд.  Дар ин давра бо дастури Пешвои миллат беш аз садҳо варзишгоҳу майдонҳои хурду бузурги  футбол сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.  Бунёди чунин майдонҳо идома доранд.

Дар гузаштаи наздик, дар солҳои авали истиқлолият дар Тоҷикистон гузаронидани мусобиқоти байналмилалӣ мушкилоти зиёд дошт. Мушкили аз ҳама асосӣ набудани варзишгоҳҳои замонавӣ  арзёбӣ мегардид. Аз ин сабаб Конфедератсияи футболи Осиё   дастаҳои  футболи Тоҷикистонро дар мусобиқоти Ҷоми чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳ намедод. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба қатори дастаҳое шомил буд, ки  танҳо метавонист дар бозиҳои Ҷоми президенти КФО, дар варзишгоҳҳои берун аз Тоҷикистон иштирок кунад.  Чанд сол пеш ин мушкил бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Пешвои миллатамон  бартараф карда шуд.

Эълон гардидани соли 2014 ҳамчун соли Рушди футбол ба ривоҷи ин намуди варзиш дар Тоҷикистон такони беандоза дод. Кӯдакону наврасони кишвар дар ҳама минтақаҳо бо тӯбҳо ва либосҳои варзишӣ аз ҷониби ФФТ таъмин гардиданд. Истеъдодҳои нав ба нав ба майдони бозӣ омаданд ва дур нест, ки бо барномаи нави Ҳукумати мамлакат дар бораи рушди футбол дар солҳои 2017-2021 он  боз ҳам тараққӣ  ва оммавӣ гардад.

Дар доираи барномаи нав муҳайё сохтани шароит барои машғул шудан ба футбол, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбути соҳа, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш пешбинӣ шудааст.

Итминони комил дорем, ки  партавфишонии сулҳу ваҳдат, оромиву осудагӣ, якдилӣ  ва роҳбарии оқилонаи Сарвари давлат барои  ҳалли ҳама гуна мушкилот дар ҷомеаи мо мусоидат хоҳад кард ва он рӯз дур нест, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаҳои дигари мо дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ бо беҳтарин дастаҳо ва клубҳои футболи ҷаҳон рақобат хоҳанд намуд.

Июнь 28, 2017 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд