Дар Душанбе рӯнамоии китоби «Асосҳои хизмати дипломатӣ» баргузор гардид

Июнь 7, 2017 15:21

ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 7 июни соли 2017 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорат Рухшона Раҳмонова «Асосҳои хизмати дипломатӣ», ки онро нашриёти “Ганҷ” дар шаҳри Душанбе ба табъ расондааст, баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рӯнамоии китоб кормандони Вазорат, собиқадорони хидмати дипломатӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи сиёсати хориҷӣ ширкат варзиданд.

Ба таъкиди иштирокдорони маросими рӯнамоии китоб, “Асосҳои хизмати дипломатӣ” асарест, ки оид ба мафҳуми дипломатия, заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии коркард ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, таърихи мухтасари дипломатияи тоҷик, инчунин дар бораи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар маълумот медиҳад.

Ба китоб фарҳанги мухтасари истилоҳоти дипломатӣ ва санадҳои ҳуқуқиву меъёрии танзимкунандаи хидмати дипломатӣ ва робитаҳои хориҷӣ замима шудаанд.

Китоби мазкур, ки бо сарсухани дипломати собиқадори тоҷик, академик Талбак Назаров ба табъ расидааст, ба сифати дастурамали касбӣ фарогири маҷмӯи иттилооти зарурӣ буда, масири амалкарди кормандони касбии хидмати дипломатиро дар мавридҳои мухталифи хизматӣ равшан менамояд. Он, бегумон, роҳнамоест барои дипломатҳои ҷавони тоҷик, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳамчунин донишҷӯёне, ки дипломатия ва муносибатҳои байналмилалиро меомӯзанд.

 

Июнь 7, 2017 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид