Дар Остона ҷаласаи вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид

Июнь 5, 2017 14:06

ДУШАНБЕ, 05.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 14-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай анҷом ёфт .

Тавре аз Маркази  матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа, ки тӯли ду рӯз идома ёфт, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирок намуд.  Дар  ин ҳамоиш ҳамчунин вазирони фарҳанги  Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин, Россия, муовини Котиби генералии СҲШ А. Носиров, намояндагони Ҳиндустон ва Эрон ширкат варзиданд.

Дар  ҷаласа вазирони фарҳанг дурнамои ҳамкории фарҳангиро дар муддати сипаригардида ва раванди амалишавии Созишномаи байни ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангро баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ  зикр гардид, ки кишварҳои аъзо  минбаъд низ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, ҳифзи гуногунии фарҳангҳо ва эҳтироми халқиятҳои мухталиф, тарғиби анъанаҳои фарҳангии халқҳои кишварҳои аъзо ва табодули таҷрибаҳои фарҳангӣ байни кишварҳои Роҳи бузурги Абрешим кӯшиш хоҳанд кард.

Ҷаласаи мазкур барои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзо имконияти мусоид фароҳам овард, то  масъалаҳои дахлдори рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи фарҳангиро баррасӣ намоянд.

Июнь 5, 2017 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд