Дар Остона Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2017 /АМИТ Ховар/. Дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017, ки 12 июни соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баланд бардоштани байрақи Тоҷикистон ва Қазоқистон зери садои суруди миллии ду кишвар оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, дар доираи Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва қувваи барқ» намоишгоҳ пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ таваҷҷуҳи намояндагони расмӣ ва сайёҳони кишварҳои гуногунро ба худ ҷалб намуд. Иштирокдорон ва меҳмонон тавассути он бо табиат, канданиҳои фоиданок, иқтидори энегетикӣ ва обӣ, фарҳанг ва таърихи тоҷикон ошноӣ пайдо намуданд. Хусусан дарахти бахт, ки баргу шохаҳояш бо сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон оро ёфта буданд, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд.
Шоми ҳамон рӯз дар Амфитеатр, ки дар ҳудуди Намоишгоҳи ЭКСПО-2017 воқеъ гардидааст, консерти устодони санъати Тоҷикистон доир гардид.
Дар барномаи консертӣ ансамблҳои «Базморо», «Садои Суғд», «Фалак» ва ҳунармандони шинохта чун Фотима Машрабова, Дамирбек Олимов, Абдураҳмон Мадхолов, Искандар Тагиров, Раҳматулло Бойматов ва Фарҳод Одинаев санъати нотакрори рақс ва суруду оҳанги тоҷикиро пешкаши иштирокдорон намуданд.








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






